Эмомалӣ Раҳмон: Ҳадафи стратегии Тоҷикистон табдил шудан ба қаламрави транзитӣ аст
(last modified 2018-01-26T13:12:22+00:00 )
Январ 26, 2018 18:12 Asia/Dushanbe
  • Эмомалӣ Раҳмон: Ҳадафи стратегии Тоҷикистон табдил шудан ба қаламрави транзитӣ аст

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ҳадафи муҳими Тоҷикистон дар солҳои оянда хурӯҷи комил аз бунбасти нақлётӣ ва табдил шудан ба қаламрави транзитӣ аст.

Ба гузориши сомонаи дафтари раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаждаҳумин ҷаласаи Шӯрои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ин ҷаласа раисҷумҳури Тоҷикистон, ки ҳамзамон раёсати Шӯрои сармоягузорӣ дар ин кишварро низ бар уҳда дорад, ба ду мавзӯи муҳими иқтисодӣ ишора кард. Бар асоси ин гузориш, мавзӯи аввали мавриди таъкиди Эмомалӣ Раҳмон, зарурати тасреъ дар хурӯҷи комили Тоҷикистон аз бунбасти нақлётӣ ва мавзӯи дувум анҷоми ислоҳот дар сохтори бонкии Тоҷикистон буд.

Гуфтанист, дар ин нишаст шуморе аз мақомоти бахши иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистон ва низ шарикони хориҷии молию иқтисодии Тоҷикистон ширкат ва дидгоҳу пешниҳодҳои худро мабнӣ бар осон кардани раванди сармоягузории дохилию хориҷӣ ва рушди иқтисодии ин кишвар матраҳ карданд.