Боздошти як қочоқчии маводи мухаддири афғон дар Тоҷикистон
(last modified Wed, 14 Feb 2018 06:03:32 GMT )
Феврал 14, 2018 11:03 Asia/Dushanbe
  • Боздошти як қочоқчии маводи мухаддири афғон дар Тоҷикистон

Сухангӯи нерӯи марзбонии Тоҷикистон аз боздошти як қочоқчии маводи мухаддири афғон бо беш аз 70 килограм маводи мухаддир дар шаҳри Душанбе хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории давлатии “Ховар”, Муҳаммад Улуғхоҷаев фарди боздоштшударо Аҳмад Абдулфоруқ ва шаҳрванди Афғонистон муаррифӣ кардаву гуфтааст, вай дар амалиёти муштараки кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо 70 килограм ҳашишу чарс дастгир шудааст.

Ба гуфтаи вай, нерӯи марзбонии Тоҷикистон дар даҳаи нахусти феврали имсол тайи чанд амалиёте пас аз даргирӣ бо қочоқчиёни маводи мухаддири афғон дар марз бо Афғонистон, беш аз 200 килограм анвои маводи мухаддир ва теъдоде силоҳу муҳиммоти ҷангӣ кашфу мусодира кардаанд.

Сухангӯи нерӯи марзбонии Тоҷикистон таъкид кардааст, тайи ҳамин муддат дар посгоҳҳои марзии ин кишвар дар ноҳияҳои Панҷ ва Ҳамадонӣ се даргирӣ бо гурӯҳҳои қочоқчиёни маводи мухаддири афғон ба вуқуъ пайвастааст, ки дар он қочоқчиён бо ҷой гузоштани анвои маводи мухаддир ва силоҳу муҳиммот, ба дохили хоки Афғонистон фирор кардаанд.

Тоҷикистони ҳудуди 1400 километр марзи муштарак бо Афғонистон дорад ва ин хати марзӣ ҳамвора маҳалли даргирии марзбонони тоҷик бо қочоқчиёни мусаллаҳе аст, ки аз Афғонистон қасди вуруд ва интиқоли маводи мухаддир ба дохили Тоҷикистонро доранд.