Коргарони муҳоҷири тоҷик пештози дарёфти муҷаввизи кор дар Санкт-Петербурги Русия
350 ҳазор коргари муҳоҷири хориҷӣ барои кор ба дуввумин шаҳри бузурги Русия, Санкт-Петербург дар соли 2017 ворид шудаанд, ки 230 ҳазор нафар аз онон муваффақ ба дарёфти муҷаввизи кор гардидаанд.
Ба гузориши сойти “Migrant.News.tj”, 93 дарсад аз коргарони муҳоҷири тоҷик ва узбак дар соли 2017 муваффақ ба дарёфти муҷаввизи кор дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия шудаанд, ки бештари ин теъдод аз миёни коргарони хориҷӣ ба ҳисоб меояд.
Гуфта мешавад, ки 29 дарсади ин афрод дар бахши хадамот, 18 дарсад дар бахши сохту соз, 13 дарсад дар саноати табдилӣ, 10 дарсад дар тиҷорат ва ҳутелдорӣ ва 5 дарсад дар ҳамлу нақл истихдом шудаанд. Бо ин ҳол, 55 дарсад аз коргарони муҳоҷири тоҷик ва узбак дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия дар бахшҳои ғайри тахассусии хеш машғул ба кор шудаанд. Ба далели афзоиши нархи дарёфти муҷаввизи моҳиёнаи кор барои коргарони муҳоҷири хориҷӣ дар Русия, ки дар шаҳри Санкт-Петербург, ки 3 ҳазор рубл мебошад, аз ин ҳисоби шаҳрдории дуввумин шаҳри бузурги Русия дар соли 2017 беш аз 12 миллион доллар даромад касб кардааст. Аммо дар соли 2018 ин маблағ барои коргарони муҳоҷири хориҷӣ дар ин шаҳр аз 3 ҳазор рубли қаблӣ ба 3 ҳазору 500 рубл афзоиш ёфтааст.
Идораи Хадамоти муҳоҷират вобаста ба вазорати кишвари Русия, теъдоди коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар қаламрави ин кишварро наздик ба 1 миллион нафар эълом кардааст.
Ба гузориши ин сомона, мавзӯи муҳоҷират ва аҳамияти он дар рушди иқтисодии шаҳри Санкт-Петербурги Русия дар ҳамоиши байналмилалии кор, ки рӯзҳои 1ва 2-уми моҳи марти соли ҷорӣ баргузор хоҳад шуд, мавриди баррасӣ қарор мегирад.