Шикояти имоми яке аз масҷидҳои Тоҷикистон аз зургӯии пулиси ноҳияи Рашт
Имоми масҷиди деҳаи Яшми ноҳияи Рашт дар шарқи Тоҷикистон, бо ирсоли номае ба раисҷумҳур, масъулони Додситонии кулл, Вазорати умури дохила ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз корманди пулиси ин ноҳия, ки вайро бо тарсондан ва фишор маҷбӯр ба додани шаҳодати дурӯғин алайҳ яке аз ҳамдеҳаиёнаш кардааст, шикоят намудааст.
Ба гузориши сойти “Ахбор”, Фатҳуллоҳ Назриев дар ин нома таъкид кардааст, ки Зулфиқор Ҳукуматов, корманди пулиси ноҳияи Рашт, вайро таҳдид кардааст, ки агар алайҳи Ҷунайдулло Худоёров ҳамдеҳааш барои таъйиди иттиҳоми салафӣ будани ин фард шаҳодат надиҳад, худи ӯ бо ин иттиҳом ба зиндон маҳкум хоҳад шуд.
Ҷунайдулло Худоёров, ки дар маврди амалкарди мақомоти ноҳияи Рашт дар Интернет матолиби интиқодӣ мунташир мекард, акнун ду моҳ аст, ки ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи мамнуаи “Салафия” дар боздоштгоҳи муваққати пулиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе таҳти бозҷӯӣ қарор дорад. Аммо имоми масҷиди деҳаи Яшм гуфтааст, ки дар асл Ҷунайдулло ҳеҷ иртиботе бо гурӯҳи Салафия надорад ва корманди пулиси ноҳияи Рашт, вайро маҷбӯр ба имзои шаҳодати бардурӯғ алайҳи ин фард кардааст. Аз ин рӯ, аз раисҷумҳур ва масъулони ниҳодҳои қазоӣ, интизомӣ ва амниятии Тоҷикистон дархост кардааст, ки барои арзёбии чунин рафтори корманди пулиси ноҳияи Рашт иқдом кунанд. Зеро намехоҳад барои додани шаҳодати дурӯғин алайҳи як мусулмон дар пешгоҳи Худованди ягона, мавриди бозхост қарор гирад.
Ҷунайдулло ҳангоме, ки дар Русия ба унвони коргари муҳоҷир фаъолият мекард, амалкарди мақомоти ноҳияи Рашт, аз ҷумла мудири Кони ангишт, Шуъбаи маориф ва Идораи молиётро мавриди интиқод қарор додааст, ки ба маҳзи бозгашт ба Тоҷикистон ба иттиҳоми таблиғи афкори гурӯҳи салафӣ, боздошт шуд.