Март 28, 2018 18:45 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Аслов бар зарурати мубориза бо терроризм дар Афғонистон

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон талоши байналмилалии ҷиддитарро барои мубориза бо терроризм дар Афғонистон хостор шуд.  

Ба нақл аз Форс, Сироҷиддин Аслов дар ҳошияи баргузории Нишасти байналмилалӣ дар бораи Афғонистон дар Тошканди Узбакистон таъкид кард: Ҷомеаи байналмилалӣ бояд барои ҷилавгирӣ аз интиқоли силоҳ ба гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ дар Афғонистон иқдомоти лозимро анҷом диҳад.  

Вай фузуд: Талоши бештар ва ҳамоҳангтари ниҳодҳои байналмилалӣ ва кишварҳои минтақа дар заминаи ҷилавгирӣ аз ирсоли силоҳ ва таҷҳизоти низомӣ барои террористҳо зарурӣ аст.

Нишасти байналмилалии “Таъмини амният дар Афғонистон ва ҳамкории минтақаӣ” дар шаҳри Тошканд, пойтахти Узбакистон сешанбе дар баёнияи поёнии худ бар лузуми оғози музокироти давлати Афғонистон ва гурӯҳи Толибон таъкид кард.

 

Барчасп