4 нафар дар вилояти Суғд ба иттиҳоми узвият дар Ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ зиндонӣ шуданд
(last modified 2018-04-03T04:02:24+00:00 )
Апрел 03, 2018 09:02 Asia/Dushanbe
  • 4 нафар дар вилояти Суғд ба иттиҳоми узвият дар Ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ зиндонӣ шуданд

Додгоҳи вилояти Суғд 4 нафар аз сокинони ноҳияи Истаравшанро ба иттиҳоми узвият ва фаъолияти пинҳонӣ барои таблиғи аҳдофи Ҳизби мамнуи наҳзати исломии Тоҷикистон ба зиндон маҳкум кард.

Ба нақл аз Азия-Плюс, ин 4 нафари 30 то 38 сола, ба иттиҳоми мушорикат дар фаъолияти Ҳизби мамнуи наҳзати исломии Тоҷикистон ҳар як ба 6 сол зиндон маҳкум шудаанд.  

Иттиҳоми Қурбон Обидов, Насим Баротов, Шуҳрат Мавлонов ва Шоҳумед Оқилов идомаи узвият ва ҳамкорӣ бо ҳизбе, ки бар асоси ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолияташ мамнуъ мебошад, унвон шудааст.

Додгоҳ муддаӣ аст, ки ин 4 нафар бо вуҷуди иттилоъ доштан аз мамнуияти фаъолияти Ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ дар маҳофили хусусӣ аз ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон мабнӣ бар террористӣ донистани ин ҳизб интиқод кардаанд.  

Додгоҳи олии Тоҷикистон 2015 ба баҳонаи иртиботи масъулон ва аъзои Ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ бо шӯриши генерал Абдулҳалим Назарзода, муовини вақти вазири дифоъ фаъолияти ин ҳизбро мамнуъ кард.