Август 30, 2016 17:47 Asia/Dushanbe
  • Тағйири низоми омӯзиши ибтидоии Тоҷикистон бар асоси усули таҳсилоти ғарбӣ

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон қасд дорад аз соли таҳсилии ҷадид мадрасаҳои ибтидоии ин кишварро бо усули нави бар гирифта аз низоми омӯзишии ғарбӣ идора кунад.

Ба гузориши хабаргузории "Форс", ин усули ҷадиди омӯзишӣ ба таври комил бо низоми таҳсили Шӯравии собиқ мутафовит аст.

Латофат Назирӣ, муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон гуфт, ин вазоратхона дар даврони таътилоти тобистонӣ омӯзгоронро бо шеваҳои омӯзиши ҷадид ошно кардааст.

Ба гуфтаи Назирӣ , донишомӯзони ибтидоии Тоҷикистон аз оғози соли ҷадид бар тибқи усули ҷадид, ки низоми "Таҳсили дорои салоҳият" номида шуда ва баргирифта аз низоми омӯзишии Ғарб аст , идомаи таҳсил хоҳанд дод.

Муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон афзуд, ин шеваи ҷадиди тадрис, ки бар пояи таълимоти Бенҷамин Блум, равоншиноси амрикоӣ тарҳрезӣ шудааст, ин имконро фароҳам мекунад, ки донишомӯзон ҳангоми дарс ба таври озодона дар синф фаъолият кунанд, дар ҳоле, ки бар тибқи низоми таҳсили замони Шӯравӣ, донишомӯзон дар замони дарс ҳаққи гуфтугӯ ва баёни озодонаи андешаҳои худро надоштанд.

Вай афзуд, усули ҷадиди таҳсил ба донишомӯзон ин имконро медиҳад то афкор ва ақоиди худро дар синф матраҳ кунанд.

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ин усули ҷадиди таҳсилиро соли гузашта дар 55 мадрасаи ин кишвар ба сурати озмоишӣ иҷро кардааст.

 

Барчасп