Апрел 28, 2018 20:32 Asia/Dushanbe
  • Дидори сафири Чин бо нахуствазири Тоҷикистон: Тавсеаи равобит меҳвари мулоқот

Нахуствазири Тоҷикистон ва сафири Чин дар мавриди тавсеаи равобити дуҷониба, иҷрои проектҳои тиҷорӣ ва баргузории нишастҳои байналмилалӣ дар Душанбе, баҳсу гуфтугӯ карданд.

Қоҳир Расулзода,нахуствазири Тоҷикистон ва Юе Бин, сафири Чин дар дидоре пиромуни масоили марбут ба тавсеаи равобити дуҷониба, иҷрои проектҳои тиҷорӣ ва баргузории нишастҳои байналмилалӣ дар Душанбе, баҳсу гуфтугӯ карданд.

Расулзода дар ин дидор гуфт, моҳи июни соли ҷорӣ дар шаҳри Тсиндаои Чин вохурии навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар назар аст ва вохўриҳои сатҳи олии ҳар ду давлат дар рафти ин чорабинӣ ба ҳамкориҳои ду кишвари дӯст такони тоза хоҳад бахшид.

Вай идома дод, Тоҷикистон барои баргузории нишасти ояндаи нахуствазирони кишварҳоии узви Созмони ҳамкории Шангхай дар соли ҷории милодӣ дар шаҳри Душанбе, омода мешавад.

Нахуствазири Тоҷикистон бо ишора ба саҳми қобили таваҷҷуҳ ширкатҳои чинӣ дар тавсеаи проектҳои иқтисодии ин кишвар, изҳор дошт, таомулоти иқтисодӣ миёни ду кишвар бояд густариш ёбад.

Сафир Чин низ бо ибрози омодагии кишвараш дар заминаи густариши бештари ҳамкориҳо бо Тоҷикистон гуфт, тавсеаи проектҳои иқтисодӣ дар Тоҷикистон барои ҳар ду кишвар аз аҳамияти қобили таваҷҷуҳе бархӯрдор аст.

Дар ин мулоқот, ҳамчунин дигар ҷанбаҳои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Чин мавриди баррасӣ қарор гирифт.