Ифтитоҳи ҳаштумин постгоҳи марзӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон
(last modified Tue, 08 May 2018 04:03:07 GMT )
Май 08, 2018 09:03 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи ҳаштумин постгоҳи марзӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон

Дар ноҳияи Фархор ҳаштумин постгоҳи марзӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон, ки бо ибтикор ва ҳазинаи хориҷӣ сохта шудааст, ифтитоҳ гардид.

Ба гузориши сомонаи “Фарғона”, ин постгоҳи ҷадиди марзӣ бо ибтикори Идораи мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои созмонёфтаи Созмони Милали Муттаҳид, бо ҳимояти молии Ҳукумати Ҷопон ба баҳрабардорӣ расид.

Ин ҳаштумин постгоҳи марзӣ дар марзи муштараки Тоҷикистону Афғонистон аст, ки пас аз хурӯҷи марзбонони рус аз ин минтақа дар соли 2005 бо кумаки Созмони Милали Муттаҳид сохта шудааст. Афзоиши теъдоди постгоҳҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон бар асоси барномаи Идораи мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои созмонёфтаи Созмони Милали Муттаҳид барои солҳои 2015-2019 таҳаққуқ меёбад, ки мӯҷиби афзоиши тавони нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар мубориза алайҳи гурӯҳҳои қочоқчии маводи мухаддир мегардад. Дар чорчӯби ин барнома омӯзиши афсарони нерӯи марзбонии Тоҷикистон, таҷҳизи постгоҳи марзии ҷадид бо дастгоҳҳои мухобиротӣ ва мошин, сохти сарбозхона, мебел ва васоили компютерии мавриди ниёзи марзбонон анҷом шудааст.

Тоҷикистону Афғонистон ҳазору 400 километр марзи муштарак доранд, ки дар беш аз 26 соли ахир ҳамвора ин марз шоҳиди даргирии марзбонони тоҷик бо гурӯҳҳои қочоқчии маводи мухаддири афғонистонӣ будааст.