Саркардаи салафиҳои Тоҷикистон ба 8 соли зиндон маҳкум шуд
Муҳаммадӣ Раҳматуллоҳ, саркардаи салафиҳои Тоҷикистон аз сӯйи Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба ҷурми таъсиси созмонҳои ифротӣ ва барангехтани кинаву адовати динӣ ба 8 соли зиндон маҳкум шуд.
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе саркардаи салафиҳои Тоҷикистонро ба 8 соли зиндон маҳкум кард.
Ба гузориши "Форс", Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе субҳи имрӯз Муҳаммадӣ Раҳматуллоҳ, раҳбари салафиҳои Тоҷикистонро ба 8 соли зиндон маҳкум кард.
Муҳаммадӣ бар тибқи банди 307 қонуни ҷиноии Тоҷикистон, яъне таъсиси созмонҳои ифротӣ ва барангехтани кинаву адовати динӣ муҷрим дониста шудааст.
Сангин Ғайратзода, раиси Додгоҳи Исмоили Сомонӣ гуфтааст, вакили дифои Муҳаммадӣ Раҳматуллоҳ дар бораи ин ҳукм дархости таҷдиди назар карда ва ин ҳукм то кунун иҷроӣ нашудааст.
Додгоҳи олии Тоҷикистон дар солҳои 2009 ва 2014 фаъолияти салафиҳо дар ин кишварро мамнуъ ва ин гурӯҳро ифротӣ эълом кард.
Гузоришҳо дар мавриди ширкати ҷангҷӯёни тоҷик дар даргириҳои Ховари Миёна баёнгари он аст ки бештари ин афрод пайрави салафиҳоянд.
Наздик ба 10 ҳазор нафар аз шаҳрвандони Осиёи Марказӣ дар сафи ДИИШ ҳузур доранд, ки бештари онҳо салафиянд.