Эҳтимоли эъломи Душанбе ба унвони пойтахти фарҳангии ҷомеаи Ҳамсуд
Пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе метавонад ба ҳайси пойтахти фарҳангии кишварҳои ҳамсуд дар соли 2021 интихоб шавад.
Ба иттилои Форс, шаҳри Душанбе метавонад пойтахти фарҳангии кишварҳои ҳамсд дар соли 2021 интихоб шавад.
Ин пешниҳод дар ҷаласаи Шӯрои ҳамкориҳои башардӯстона ва Раёсати бунёди байнидавлатии ҳамкориҳои башардӯстонаи ИДМ, ки 20 июни соли ҷорӣ дар Остона баргузор мешавад, баррасӣ хоҳад шуд.
Иштирокдорони ҷаласа, инчунин масъалаҳои мубрами имрӯзаро баррасӣ намуда барномаҳо барои соли ояндаро муайян хоҳанд кард.
Ҳамчунин дар ҷаласа масъалаи ҷоизаи байнидавлатии "Ситораҳои дӯстӣ" ва ҷоизаи байналмилалии ҷоизаи байналмилалии "Нахустин ҳунарнамоӣ", баррасӣ хоҳад шуд.
Инчунин дар ҷаласаи мазкур замон ва макони баргузории 14-умин ҷаласаи донишмандон ва рушанфикрони кишварҳои узви ИДМ муайян шуда, масалаи 2-умин ҷаласаи донишмандони кишварҳои ИДМ, ки моҳи октябр дар шаҳри Ереван баргузор мегардад, баррасӣ мешавад.
Шӯрои ҳамкориҳои башардӯстонаи кишварҳои ҳамсуд соли 2006 таъсис ёфтааст. Ба ҳайати он Озарбойҷон, Арманистон Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон дохил мешавад.