Ҳадаф аз маҳкумияти Мирсаидов маҳдуд кардани озодии баён аст
Раиси Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон ҳадаф аз маҳкумияти Хайруллоҳ Мирсаидов, рӯзноманигор ва масъули Бошгоҳи ҳозирҷавобон (КВН)-и Тоҷикистонро тарсондани кормандони ҳавзаи матбуот ва маҳдуд кардани озодии баён донистааст.
Ба гузориши “Топ Тҷ”, Нуруддин Қаршибоев таъкид кардааст, Қонуни Асосии Тоҷикистон ҳаққи ибрози назар барои тамоми шаҳрвандони ин кишвар, аз ҷумла рӯзноманигоронро тазмин мекунад ва маҳкумияти Мирсаидов бо ангезаи сиёсӣ, машкук ва бо ҳадафи тарсондани ҷомеаи рӯзноманигорони ин кишвар аст.
Вай муддаӣ шудааст, Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон ба маҳзи боздошти масъули Бошгоҳи ҳозирҷавобони ин кишвар, бо ирсоли номае ба Идораи умури молии вилояти Суғд, хостори мушаххас кардани мизони маблағи ворезшуда ба шумораҳисоби ин бошгоҳ шуд.
Аммо ин идора дар посух навишта буд, ҳеҷ маблағе ба таври мустақим аз будҷаи вилояти Суғд ба шумораҳисоби Бошгоҳи ҳозирҷавобони Тоҷикистон ворез нашуда ва акнун додгоҳ иттиҳоми ихтилоси молӣ ба Хайруллоҳ Мирсаидов мезанад.
Ҳамчунин раёсати Идораи ҷавонони вилояти Суғд ба ду номаи ирсолии раиси Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон дар мавриди мизони маблағи ихтисосёфта ба Бошгоҳи ҳозирҷавобони Тоҷикистон посух надод.
Додгоҳи шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд, Хайруллоҳ Мирсаидов - рӯзноманигор ва масъули Бошгоҳи ҳозирҷавобони Тоҷикистонро ба иттиҳоми ихтилоси молӣ ва сохтакории аснод ба 12 соли зиндон маҳкум кард.
Сафоратхонаҳои кишварҳои ғарбӣ дар Тоҷикистон ва Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо хостори озодии фаврии ин рӯзноманигор ва фаъоли фарҳангии тоҷик шуда ва таҳдид кардаанд, ҳукми сангини додгоҳ алайҳи Мирсаидов бо иттиҳомоти эъломшуда ҳамхонӣ надорад ва ин мавзуъ метавонад бар ояндаи равобити Иттиҳоди Аврупо ва Амрико бо Тоҷикистон таъсири баде бигузорад.