Фуруди изтирории чархболи кӯҳнавардон дар Бадахшони Тоҷикистон
(last modified Mon, 13 Aug 2018 04:07:28 GMT )
Август 13, 2018 09:07 Asia/Dushanbe
  • Фуруди изтирории чархболи кӯҳнавардон дар Бадахшони Тоҷикистон

Як чархболи ҳомили 13 кӯҳнавард ва се сарнишин дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон, фуруди изтирорӣ кард.

Ба гузориши сойти Ахбор, ин чархбол дар бозгашт аз қуллаи Исмоили Сомонӣ ба мақари кӯҳнавардон асри рӯзи якшанбе дар кӯҳҳои Бадахшони Тоҷикистон, фуруди изтирорӣ кард.

Ин фуруди изтирории чархболи МИ-8 дар поёни пиряхи Фортамбек анҷом шуд.

Пас аз ин иттифоқ, як комиссияи вижа шомили мақомти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазорати дифо ва Вазорати беҳдошти ин кишвар ба баррасӣ ва таъйини иллатҳои фуруди изтирории ин чархбол пардохтанд.

Гуфта мешавад, ду чархбол ва гурӯҳи наҷот низ ба Бадахшон эъзом шудааст, аммо то кунун хабаре дар бораи иқдомоти онҳо мухобира нашудааст.

Қуллаи Исмоили Сомонӣ (Коммунизми собиқ) 7495 метр баландӣ дорад.