Август 18, 2018 16:16 Asia/Dushanbe
  • Масдуд шудани яке аз гузаргоҳҳои марзии Тоҷикистон бо Афғонистон

Тоҷикистон яке аз гузаргоҳҳои марзии худ бо Афғонистонро масдуд кард.

Дар паи тасарруфи ноҳияҳои Даштқалъа ва Ой Хонум аз тавобеи вилояти Тахори Афғонистон аз сӯи Толибон, Тоҷикистон гузаргоҳи марзии худ мавсум ба Какилро бо он кишвар масдуд кард.

Ноҳияи Ой Хонум, яке аз бозорҳои марзии Афғонистон бо Тоҷикистон аст, ки аз аҳаммияти таърихӣ ва бостонӣ низ бархурдор аст.

Дар тӯл 1400 километр марзи муштараки Тоҷикистон ва Афғонистон 6 гузаргоҳи марзӣ вуҷуд дорад, ки бо масдуд шудани гузаргоҳи Какил ва панҷ гузаргоҳи дигар фаъол мебошад.

Давлати Тоҷикистон ин тасмимро ба манзури ҷилавгирӣ аз интиқоли ҷанг ва даргирӣ аз Афғонистон ба он кишвар иттихоз кардааст.

Дарраи Фарғона дар Тоҷикистон яке аз манотиқи ҳадафи ифротгароён ва террористҳои фаъол дар Афғонистон аст.

Саид Масъуди Ҳусайнӣ, коршиноси масоили сиёсӣ ва устоди донишгоҳи Ҳирот мегӯяд, “истиқрори ҳазор нерӯи низомии Тоҷикистон дар марзҳои муштарак бо Афғонистон баёнгари нигаронӣ аз авзои амниятии ин кишвар аст. Тоҷикистон монанди дигар кишварҳои ҳамсояи Афғонистон қудрати лозимро барои муқобила бо ноамниҳои эҳтимолӣ, ки аз дохили Афғонистон ба он кишвар сироят кунад, надорад ба ҳамин далел гузаргоҳҳои марзиро масдуд мекунад”.

Холиқ Назарзода, мудири Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон мегӯяд, "ташдиди нооромиҳо дар Афғонистон, афзоиши гурӯҳҳои ифротӣ ва террористӣ дар ин кишвар барои амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳдид маҳсуб мешавад. Шикасти ДИИШ дар кишварҳои Ховари Миёна аъзои ин гурӯҳи террористиро водор кардааст, ки ба кишварҳои Покистон ва Афғонистон паноҳ бубаранд ва фаъолияти ифротгарии худро идома диҳанд, ки мумкин аст ба Тоҷикистон низ бираванд”.

Бахше аз мояҳтоҷи умумӣ ва зарурии мардуми шимоли Афғонистон бахусус рустоҳои марзӣ аз тариқи гузаргоҳи марзии Какил таъмин мешавад.

Масдуд кардани Какил аз сӯи давлати Тоҷикистон метавонад аҳолии минтақаро бо душвориҳои иқтисодӣ низ рӯ ба рӯ кунад.

 

Барчасп