Ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва чанд кишвари хориҷӣ 32 санади ҳамкорӣ ба имзо расонданд
(last modified 2018-09-02T15:07:36+00:00 )
Сентябр 02, 2018 20:07 Asia/Dushanbe
  • Ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва чанд кишвари хориҷӣ 32 санади ҳамкорӣ ба имзо расонданд

Дар фарҷоми  кори Ҳамоиш ва Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ таҳти унвони «Тоҷикистон-сарзамини сайёҳӣ» 32 санади ҳамкорӣ миёни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва ширкатҳои сайёҳии Ҷумҳурии Корея, Австрия, Чин, Қазоқистон ва Давлати Кувайт ба имзо расонида шуданд, ки аз амалӣ гардидани ҳадафи аслии чорабинии мазкур шаҳодат медиҳад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, 30 ва 31 август дар Тоҷикистон таҳти сарпарастии президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ва бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Тоҷикистон  Ҳамоиш ва Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ таҳти унвони «Тоҷикистон-сарзамини сайёҳӣ» бо ҷалби ширкатҳои сайёҳии ватанию хориҷӣ доир гардид.

Раиси шаҳри Норак Фатҳулло Ҳурматзода  Ҳамоишро ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки шаҳри Норак ҳамчун шаҳри энергетикӣ барои рушди сайёҳӣ мувофиқ мебошад. Иншооти калонтарини гидроэнергетикии кишвар НБО «Норак», соҳили обанбори Норак, табиати афсункори ин ҷо ва дигар захираҳои бойи сайёҳии шаҳр диққати ҳазорон сайёҳони хориҷиро ҷалб месозад.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Нуъмон Абдуғаффорзода зикр кард, ки мероси бойи таърихию фарҳангӣ ва мавзеъҳои нотакрори табиати биҳиштосоямон таваҷҷуҳи сайёҳони зиёди хориҷиро ҷалб намуда, Кумитаи рушди сайёҳӣ ҳамчун мақоми ваколатдор бо мақсади иҷрои Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ вобаста ба татбиқи имтиёзҳои андозиву гумрукӣ корҳои мушаххасеро анҷом дода истодааст.

Як қатор ислоҳот дар бахши сайёҳӣ, аз қабили ҷорӣ намудани тартиби электронии дастрас намудани раводид ва реҷаи бераводид бо 12 кишвари ҷаҳон, пешниҳоди тартиби соддаи воридшавии сайёҳон ба шаҳрвандони 112 давлати дунё, то 10 рўз тамдид намудани муҳлати бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ, дар тули панҷ соли аввали фаъолият аз андози фоида озод намудани ширкатҳои сайёҳӣ, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод намудани воридоти таҷҳизоту техника ва масолеҳи сохтмонӣ барои бунёди иншооти сайёҳӣ, таъсиси мақоми алоҳидаи давлатӣ дар бахши сайёҳӣ имконият доданд, ки дар зарфи шаш моҳи соли равон ба Тоҷикистон аз 135 давлати ҷаҳон сайёҳон омаданд.

Ҳамзамон вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мусаллама Қодирова, Роҳбари Агентии рушди байналмилалии Ҷопон дар Тоҷикистон (JICA) Хидеки Танабе, Роҳбари Ассотсиасияи дӯстии Тоҷикистону Кореяи Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ Ли Ок Рён ва Котиби генералии Шоҳроҳи Абрешими Иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Мардумии Чин Ду Минг Хао маърӯза намуданд.