Ривояти як хабарнигори тоҷик аз саҳми эрониҳо дар сохти неругоҳи барқи обии Роғун
(last modified 2018-11-23T15:00:16+00:00 )
Ноябр 23, 2018 20:00 Asia/Dushanbe
  • Ривояти як хабарнигори тоҷик аз саҳми эрониҳо дар сохти неругоҳи барқи обии Роғун

Як хабарнигори тоҷик аз саҳми эрониҳо дар сохти неругоҳи азими барқи обии Роғун ёд карда ва ин масъаларо боиси хурсандӣ унвон кардааст.

Суҳроби Зиё хабарнигори номошнои тоҷик дар сафҳаи шахсиаш дар Фейсбук бо зикри ҳузури ширкатҳо, муҳандисон ва коргарони эронӣ дар сохти неругоҳи Роғун, воқеъ дар шарқи Тоҷикистон тасреҳ кардааст, ки 350 шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Эрон дар қолаби 8 ширкат, беш аз 10 сол аст, ки дар раванди сохти ин неругоҳ ҳозиранд.

Зиё дар идомаи матлаби худ аз сӯҳбатҳои 3 тан аз мутахассисони эронӣ дар Роғун бо номҳои Алӣ, Пурё ва Соро ёд карда ва навиштааст: Ин ҳамзабононамон дар ширкати "Сомониён" машғул ба кор буда ва роҳандозии нахустин чархаи неругоҳи Роғунро кори пурарзиш медонанд ва аз ин ки дар раванди сохти ин тарҳи муҳим дар канори тоҷикон ҳастанд, ибрози хушҳолӣ мекарданд.

Нахустин чархаи неругоҳи барқи обии Роғун рӯзи 16 ноябр бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуд.

Ҳузури ширкатҳо ва мутахассисони эронӣ дар сохти Роғун дар ҳоле идома дорад, ки пеш аз ин Ҷумҳурии Исломии Эрон дар сохти тарҳҳои бузурге чун неругоҳи барқи обии Сангтуда 2 дар ҷануб ва нақби Истиқлол, ки маркази Тоҷикистонро бо шимоли он мепайвандад, нақши асосӣ доштанд.