Истиқболи мардум аз бозори соли нав дар Душанбе
(last modified Sun, 30 Dec 2018 06:27:08 GMT )
Декабр 30, 2018 11:27 Asia/Dushanbe
  • Истиқболи мардум аз бозори соли нав дар Душанбе

Бозори фуруши ҳадияҳо ва тазъиниҳои соли нав дар маркази шаҳри Душанбе бо истиқболи густардаи мардум ру ба ру шудааст.

Ба нақл аз сомонаи Спутник, аз майдони Дустӣ дар маркази шаҳри Душанбе то парки Рудак дукконҳои чубини муваққатӣ бар по шуда, ки дар онҳо колоҳои тазъинӣ, ҳадоё ва ширинӣ ба фуруш гузошта шудааст.

Дар ин бозор 12 дуккони чубин ба нишонаи 12 моҳи сол то 13-уми январ ба мардум ва меҳмонони шаҳри Душанбе хадамот медиҳанд.

Бархе аз боздидкунандагон ин бозорро маконе бисёр хуб барои дидор бо дустон ва ёдовари шодмонии соли нав медонанд.