Табрики Соли нави мелодӣ аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон Соли навро ба шаҳрвандони ин ҷумҳурӣ табрик гуфт.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон , раиси ҷумҳури Тоҷикистон таъкид кард : Соли 2023 барои кишвари Тоҷикистон хотираангез ва таърихӣ буд.
Вай бо ишора ба рекорди сохту соз таъкид кард: Аз 28 ҳазор сохтмони пешбинишуда дар ин тарҳ, 10.5 ҳазор таъсисот ва сохтмони саноъатӣ ва иҷтимоӣ ба баҳрабардорӣ расид.
Эмомалӣ Раҳмон хотирнишон кард: Таваҷҷуҳи вежа ба ҳалли мушкилот иҷтимоӣ марбут ба омӯзиш, тандурустӣ, сиёсат баробари ҷинсиятӣ ва ҳимоят аз қишрҳои осебпазири ҷомеа шуд.
Мактабҳо ва донишгоҳҳо, бемористонҳо ва марокизи беҳдоштӣ, муассисоти фарҳангӣ ва варзишӣ сохта шуд.
Вай афзуд: Дар соли нав ва солҳои баъд бояд ба номи тақвияти истиқлоли кишвар, арҷ ниҳодан ба арзишҳои миллӣ, тавсеаи худшиносӣ ва худогоҳӣ, беҳбуди ҳар чӣ бештари ҷойгоҳи байналамиллалии кишвар, талоши бештар ба кор гирем.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон таъкид кард: Тамоми талоши мо барои анҷоми болотарин маъмурияти меҳанпарастона, яъне беҳбуди сарзамини модарӣ ва тавсеаи кишвари Тоҷикистон аст.