Озмударо озмудан хатост
(last modified Fri, 04 Jan 2019 10:49:00 GMT )
Январ 04, 2019 15:49 Asia/Dushanbe
  • Озмударо озмудан хатост

Маркази  миллии қонунгузории Тоҷикистон бо таъсиси коргурӯҳи вижа, дар ҳоли омодасозии санадҳои ҳуқуқии тарҳе барои ироа ба Маҷлиси намояндагон аст, ки бар асоси он вуруди бонувон бо пӯшиши исломӣ ба идораҳо ва марказҳои давлатӣ ва хусусии Тоҷикистон мамнуъ хоҳад шуд.

Cолҳои охир дар Тоҷикистон ба номи тарвиҷи фарҳанги миллӣ, мубориза бо пӯшиши исломии бонувон шиддат ёфтааст. Ин мубориза агарчи бо номи ҳифзи фарҳанги миллӣ оғоз шудааст, аммо кист, ки надонад ончи ба номи либоси миллӣ мавриди таъйиди ниҳодҳои ҳоким дар Тоҷикистон аст, ҳамон либоси даврони Шӯравӣ аст, ки дар саросари Осиёи Марказӣ ривоҷ ёфт ва занони қирғизу қаззоқ, туркману узбак ва тоҷик ҳама дар он даврон ва то ба имрӯз ба пӯшидани он ночор шудаанд. Афзун бар ин, мақомҳои тоҷик таъкид мекунанд, ки таваҷҷуҳ ба фарҳанг ва либоси миллӣ фақат шомили занон мешавад ва барои мардони тоҷик, фарҳанги ҷаҳонии шиму костюм ва галстук кифоят мекунад. Ин ҳамон мавзӯе аст, ки масали "як бому ду ҳаво"-ро ба ёд меовард ва бесадоқатии муддаиёни тарвиҷи фарҳанги миллиро ошкор месозад.

Муборизаи ҳукумати Тоҷикистон бо пӯшиши исломии занон нахустин зӯрозмоии ҳукуматҳо дар минтақаи мо - Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ дар муқобили хости мардуми мусулмон нест. Пеш аз ҳукумати Душанбе, чунин сиёсате дар Туркия, Афғонистон ва Эрони даврони Паҳлавӣ, озмуда шуд. Дар Афғонистон нахуст Сурайё, ҳамсари Амонуллоҳхон ҳиҷоб аз сар барграфт ва сипас дар ин кишвар талош барои ривоҷи беҳиҷобӣ байни занон ба умеди расидан ба "пешрафт ва тараққӣ" оғоз шуд. Ҳоло даҳаҳост, ки Амонуллоҳхон рух дар ниқоби хок кашида ва низоми шоҳӣ дар Афғонистон барофтода, аммо ҳиҷоби занони мусулмони афғон ҳамчунон побарҷо аст.

  • Амонуллохон

     

Дар Туркия, Мустафо Камол маъруф ба Отатурк рамзи муваффақияти Ғарбро дар ҳузури занон дар ҷомеа дида буд ва ба хато гумон карда буд, ин ҳузур бо пӯшидагӣ ва сатр мумкин нест, пас ба тарвиҷи беҳиҷобӣ пардохт ҳарчанд, ки Латифахонум ҳамсари худи ӯ ҳеҷ гоҳ тан ба беҳиҷобӣ надод. Дар тӯли даҳаҳо, ҳукуматҳои низомӣ ва дараҷадорон ва сипаҳбудони бисёре кӯшиданд то мероси Мустафо Камолро бо чангу дандон ҳифз кунанд, аммо Туркияи имрӯз кишваре аст, ки кам-кам монеаҳои ҳузури занони муҳаҷҷабаро дар ниҳодҳои сиёсӣ, илмиву омӯзишӣ ва ҳатто низомӣ бардошта ва имрӯз натанҳо занони оддӣ, балки ҳамсарони баландпоятарин мақомҳои турк, ҳиҷоби исломӣ доранд.

  • Мустафо Камол

     

Аммо мавриди Эрон шояд ибратангезтарин намуна бошад. Ризошоҳи Паҳлавӣ пас аз сафар ба Туркия ба ҳамон роҳе рафт, ки Отатурк рафта буд. Ў низ пешрафти кишварашро дар гарави афтодани русарӣ ва чодар аз сари занон дид. Аммо Ризошоҳ дар ин масир чунон инонгусехта тохт, ки гӯйи сабқатро аз Мустафо Камол ва Амонуллоҳхон рабуд. Ризохон барои водоштани мардуми Эрон ба иҷрои ончи худ мехост, аз қувваи қаҳрия (зӯр ва фишор) истифодаи бисёр бурд. Ҳанӯз ҳастанд куҳансолони эронӣ, ки хушунат ва беҳурматии "қазоқ"-ҳои маъмури "кашфи ҳиҷоб"-ро нисбати занон ба ёд доранд. Ризохон дар моҷарои иҷбори мардуми мусулмон ба бардоштани ҳиҷоб то онҷо пеш рафт, ки гирдиҳамоии бузурги мардуми Машҳад дар ҳарами Имом Ризо (а) набераи гиромии Паёмбари мукаррами Ислом (с)-ро, ки дар эътироз ба дастури золимонаи ӯ гирд омада буданд, ба хоку хун кашид. Дар таърих мушобеҳи чунин беҳурматӣ ба ҳарами Имом Ризо (а) танҳо дар даврони муғулон ва даврони Русияи тезорӣ рух дода буд. Бисёре аз занони порсои эронӣ дар тамоми даврони ҳафтсолаи иҷбори ризохонӣ ба беҳиҷобӣ, пой аз дари хонаи худ берун нагузоштанд. Аммо он даврони сиёҳ ҳам сипарӣ шуд. Ризохон мурд ва ҳиҷоби зани мусулмони эронӣ боқӣ монд.

  • Ризохон

     

Ҳоло баъзе маҳфилҳо дар ҳукумати Тоҷикистон бетаваҷҷуҳ ба таҷрибаҳои начандон дури таърихӣ ва ҷуғрофиёӣ, мехоҳанд дар ҳамон роҳе қадам ниҳанд, ки Амонуллоҳхону Отатурк ва Ризошоҳ рафтанд ва оқибаташро низ диданд. Шояд давлатмардони Тоҷикистон гумон мекунанд тавонотар аз Ризохон ва Отатурк ҳастанд ва метавонанд кореро анҷом диҳанд, ки дигарон натавонистаанд ва агар чунин бошад бояд гуфт, ки ин хатое бузург аст. Аслан масъала ин нест, ки касе метавонад идеяи иҷбори занони мусулмон ба беҳиҷобиро беҳтар иҷро кунад ё на. Масъала ин аст, ки наметавон дар дарозмуддат инсонҳоро, зан ё мард, ба пӯшиши хосе, ки хилофи хост ва урфу одоби онон аст, водошт. Шояд дар кӯтоҳмуддат ва ба зӯри сарнайза, чунонки Ризохон дар Эрон амал кард, муваффақияте зоҳирӣ ба даст ояд, аммо чунин тавфиқ дере нахоҳад поид. Ҳатто дар таҷрибаи Эрон баъд аз инқилоби исломӣ низ имрӯз аксари мақомҳои расмӣ изҳор медоранд, ки барои ҳифзи ҳинҷорҳо ва пӯшиши исломӣ бояд кори фарҳангӣ кард ва бо тасвиби қонун ва гуморидани маъмур дар хиёбонҳо наметавон иддаеро, ки ба ҳифзи ҳиҷоб моил нестанд ба ин кор водор кард. Чӣ расад ба ин, ки касоне бихоҳанд бо зӯр, дастури зиддиисломиро дар ҷомеаи мусулмон пиёда кунанд.

Кӯтоҳи сухан онки ниёгони мо чӣ хуш гуфтаанд, ки «озмударо озмудан хатост». Давлати Тоҷикистон агар ҳақиқатан қасди гиромидошти одобу фарҳанги тоҷикиро дорад бояд бидонад, ки аксарияти қариб ба иттифоқи бонувони тоҷик аз ҳангоми ислом овардан то кунун ҳамвора ба ҳар шакли мумкин пӯшиши исломии худро мутобиқи урфу одат ҳифз кардаанд ва агар имрӯз бисёре аз онон ба ин бовар расидаанд, ки пӯшидани рӯсарии баланд (рӯймоли калон), ки мӯ ва гардани ононро ба таври комил мепӯшонад, бо эътиқодот ва боварҳои динии онон созгортар аст, касе набояд ононро ба пӯшидани мероси даврони Шӯравӣ маҷбӯр кунад. Баъзе мақомҳои тоҷик низ агар ба задудани ҳиҷоби занони мусулмон камар бастаанд, бояд бо худ ва бо миллаташон содиқ бошанд ва ба ин ҳаракати зиддидинӣ, номи тарвиҷи фарҳанги миллӣ наниҳанд.

 

Барчасп