Тоҷикистон барои ҳифозати марзҳояш аз Русия кумак хост
Тоҷикистон, тавсеаи ҳамкориҳои низомии кишвараш бо Русияро барои ҳифозат аз марзҳои муштараки ин кишвар бо Афғонистон хостор шуд.
Ба нақл аз Ирно, Сироҷиддин Муҳриддин, вазири хориҷаи Тоҷикистон гуфтааст, ки Душанбе низ ба тақвияти ҳамкориҳои низомӣ-техникӣ бо Русия алоқаманд аст: "Дар мулоқот таваҷҷуҳи вижа ба вазъи сиёсиву низомии Афғонистон ва таҳдидҳои амниятие, ки аз қаламрави ин кишвари ҳамсоя бармеоянд, дода шуд. Дар ин робита Тоҷикистон ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои низомӣ ва низомиву техникӣ манфиатдор аст.”
Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дар Душанбе баъд аз дидор бо вазири хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин изҳор дошт, ки Маскав ба Тоҷикистон дар навсозии артиш ва таҳкими марзҳояш кумак мерасонад.
Лавров гуфт, ин кумакҳо ба Душанбе бо назардошти таҳдидҳое, ки аз самти Афғонистон меоянд, расонда мешаванд: "Мо алакай корро ҷиҳати ба дӯстони тоҷикистонӣ расондани кумак ба навсозии нирӯҳои мусаллаҳ, таҳкими марзҳои давлатӣ, аз ҷумла дар пасманзари таҳдидҳои мавҷудае, ки ҳамчунонон аз қаламрави Афғонистон бармеоянд, шурӯъ кардаем.”
Вай бо ишора ба нақши пойгоҳи низомии 201 Русия дар Тоҷикистон гуфт: Амнияти Тоҷикистон омиле муҳим барои рафъи чолишҳои муштарак дар Созмони паймони амнияти ҷамъӣ аст ва Русия барои рафъи нигарониҳои амниятии ин кишвар талош мекунад.
Дутараф ҳамчунин дар ин нишаст дар бораи мавзуоти мухталифе аз ҷумла ҳамкориҳо дар ҳавзаи энержӣ, муҳоҷирати коргарони Тоҷикистон ва иқомати онҳо дар Русия, осонгардонии фароянди қонунисозии ҳуҷҷтаҳо ва судури раводиди муҳоҷиратӣ барои атбои тоҷик дар Русия баҳс ва табодули назар карданд.