Март 02, 2019 11:33 Asia/Dushanbe
  • Бозгашти Шарофиддин Гадоев ба Аврупо

Манобеи мустақили хабарӣ аз савор шудани Шарофиддин Гадоев, муовини раиси Паймони Миллии Тоҷикистон ба ҳавопаймои масири Душанбе – Франктфурти Олмон хабар доданд, ки ба маънии бозгашти вай ба Аврупо мебошад.

Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, мусофирони парвози Душанбе – Франктфурт гуфтаанд, ки Шарофиддин Гадоев низ ба ҳамроҳи онон ба сӯйи Аврупо парвоз кардааст.

Дар баёнияи Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон таъкид шуда буд, рӯзи 15 –уми феврали соли ҷорӣ Шарофиддин Гадоев довталабона ба ин кишвар бозгашта ва дар шуъбаи умури дохилии Фурудгоҳи шаҳри Душанбе гуфтааст, ки аз аъмолаш самимона пушаймон аст.

Аммо мухолифони сиёсии Ҳукумати Тоҷикистон эълом карда буданд, ки вай бо ҳамкории Хадамоти амнияти федерали Русия ва ба баҳонаи музокира бо мақомоти Маскав рабуда ва ба Душанбе мунтақил шудааст.

Дар ин миён созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башари байналмилалӣ бо дархости озодии фаврии Шарофиддин Гадоев аз Иттиҳоди Аврупо дархост карда буданд, ки мавзӯи таҳрими Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор диҳад.

Вай дар соли 2012 ба далели ихтилоф бо шарикони тиҷории худ, ки мавриди ҳимояти мақомоти ҳукуматӣ дар Тоҷикистон буданд, аз ин кишвар хориҷ шуд ва қаблан ба иттиҳоми таъсиси гурӯҳи ифротӣ ва даъват ба барандозии низоми сиёсии Тоҷикистон таҳти пайгарди қазоии байналмилалӣ қарор дошт.

 

Барчасп