Тоҷикистон ва Покистон дар бораи густариши ҳамкориҳои низомӣ ва амниятӣ гуфтугӯ карданд
Вазорати дифои Тоҷикистон аз сафари ҳайати низомии ин кишвар ба Покистон дар таърихи 9 то 11 апрел хабар дод.
Ба гузориши “Аки пресс”, ҳайати низомии Тоҷикистон ба раёсати вазири дифои ин кишвар - Шералӣ Мирзо дар Исломобод бо генерал Забир Маҳмуд Хайёт, раиси Ситоди муштараки артиш ва Парвиз Ҳаттоқ, вазири дифои Покистон дидор ва гуфтугӯ карданд.
Ин ҳайати низомӣ дар сафар ба шаҳри Пабби аз маркази миллии мубориза бо терроризм, академияи низомӣ ва марокизи тавлидии ин кишвар боздид ба амал овард.
Дар охирин рӯзи сафар низ ин ҳайати низомӣ бо Ориф Арраҳмон Алавӣ, раисҷумҳури Покистон, Қамар Ҷавод Бавҷо, раиси артиш ва Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ, вазири умури хориҷаи Покистон дидор ва гуфтугӯ кард.
Ду тараф дар бораи ҳамкориҳои низомӣ ва амниятӣ, роҳи ҳалҳои вазъияти сиёсӣ - низомии минтақа, пешбурди сулҳу субот дар кишвари ҳамсояи Афғонистон ва муборизаи муштарак бо терроризм сӯҳбат карданд.