Истирдоди писари дуввуми муассиси гурӯҳи "Ансоруллоҳ" ба Тоҷикистон
(last modified Sun, 21 Apr 2019 15:25:18 GMT )
Апрел 21, 2019 20:25 Asia/Dushanbe
  • Истирдоди писари дуввуми муассиси гурӯҳи

Мақомоти қазоии Афғонистон писари дуввуми домулло Амриддин, муассиси гурӯҳи "Ансоруллоҳ"-ро аз Кобул ба Душанбе истирдод карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз TopTj, Шарофуддин Имомов сафири Тоҷикистон дар Афғонистон гуфтааст, ки далели тӯлонӣ шудани истирдоди Абдулфаттоҳ Табаров таҳияи асноди ҳуқуқӣ будааст.

Ин дар ҳоле аст дар охирҳои соли 2018 мақомоти қазоии Афғонистон САйидҷалолиддин Табаров, писари домулло Амриддин ва чор узви дигари гурӯҳи "Ансоруллоҳ"-ро низ ба Душанбе истирдод карда буданд.

Интиқоли ин афрод бар асоси созишномаи истирдоди муҷримин миёниТоҷикистон ва Афғонистон ва дар чорчӯби ҳамкории Кобул ва Душанбе дар мубориза бо терроризм анҷом шудааст.

Ба гуфтаи сафири Тоҷикистон дар Афғонистон дар соли 2018 мақомоти қазоии Кобул 40 шаҳрванди Тоҷикистонро ба Душанбе истирдод кардаанд, ки дар миёни онон теъдоде зан ва кӯдак низ вуҷуд доштаанд. Гуфта мешавад, ки Ҷалолиддин ва Абдулфаттоҳ Табаровҳо, писарони Домулло  Амриддинро низомиёни  амрикоӣ дар Афғонистон соли 2009 боздошт карда ва ин  ду нафар дар пойгоҳи ҳавоии Багром дар шимоли Кобул нигаҳдорӣ мешуданд.

Ин ду нафар ба шиддат бо истирдоди хеш ба Тоҷикистон мухолиф будаанд.

Домулло Амриддин Табаров пас аз поёни ҷанги дохилии Тоҷикистон дар соли 1997 гурӯҳи “Ансоруллоҳ”-ро таъсис кард, ки бо Толибон ҳамкории наздик дошт ва афроди норозӣ аз созишномаи барқарории сулҳ дар Тоҷикистонро шомил мешуд. Ӯ дар соли 2016 кушта шуд ва гурӯҳаш дар феҳрасти созмонҳои террористӣ дар Тоҷикистон қарор гирифтааст.