Апрел 29, 2019 18:14 Asia/Dushanbe
  • Тавсеаи равобити дуҷониба - меҳвари гуфтугӯи раисони ҷумҳурии Тоҷикистон ва Чин

Раисони ҷумҳурии Тоҷикистон ва Чин дар ҳошияи дувумин ҳамоиши байналмилалии “Як камарбанд, як роҳ” бо якдигар дидор ва сатҳи муносиботи феълӣ ва дурнамои тавсеаи равобити дуҷонибаро баррасӣ карданд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, дар дидори Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо Си Ҷинпинг, раисҷумҳури Чин мавзӯҳои мухталифи марбут ба мушорикати роҳбурдӣ, ҳамкориҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷаворӣ миёни ду кишвар баррасӣ шуд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон бо ишора ба нақши мусбати Чин дар тавсеаи кишвараш ва ҳимояти Пекин аз сармоягузорӣ ва иҷрои тарҳҳои умронии санъатӣ дар Тоҷикистон, бар афзоиши мубодилоти тиҷории Душанбе - Пекин ва ҳамкории Чин барои тавсеаи иқтисоди миллӣ ва санъатисозии Тоҷикистон таъкид кард.

Раисони ҷумҳурии Тоҷикистон ва Чин бар аҳамияти ҳамгироии муассир дар чорчӯби ибтикори “Як камарбанд, як роҳ” таъкид карданд.

Дар ин мулоқот, масоили марбут ба содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба бозори Чин, ҷазби сармоягузории Чин барои тавсеаи арсаҳои мухталиф, азҷумла санъат, маъдан, энержӣ, ҳамлунақл, кишоварзӣ, зарурати эҷоди сандуқи муштараки Тоҷикистон ва Чин барои ҳимояти молӣ аз тарҳҳои санъатии хурду миёна, ҳамкорӣ дар заминаи ҳамлунақл ва транзит ва сохти ҷодаҳои дорои аҳамияти минтақаӣ ва эҷоди ширкатҳои муштараки маъдан баррасӣ шуд.

Дар ин дидор ҳамчунин дар бораи масоили марбут ба тавсеаи ҳамкории ду кишвар дар чорчӯби созмонҳои муътабаре монанди Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Ҳамкории Шанхай ва дигар созмонҳо ва иттиҳодияҳои байналмилалии баҳсу табодули назар шуд ва Раҳмону Ҷинпинг бар аҳамияти ҳамкориҳо дар заминаи муборизаи муштарак бо терроризм ва ифротгароӣ таъкид карданд.

 

Барчасп