Бастани масҷидҳои Нуробод ба хотири худдории ҷавонон аз хидмати ҳарбӣ
(last modified Wed, 08 May 2019 09:38:31 GMT )
Май 08, 2019 14:38 Asia/Dushanbe
  • Бастани масҷидҳои Нуробод ба хотири худдории ҷавонон аз хидмати ҳарбӣ

Сокинони Нуробод дар ноҳияи Ҷалолуддини Румии вилояти Хатлони Тоҷикистон аз баста шудани 5 масҷид ба далели иҷро нашудани барномаи эъзоми ҷавонони ин минтақа ба хидмати ҳарбӣ хабар доданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Top Tj, Қиёмиддин Зайниддинов, имоми яке аз ин масҷидҳо хабари баста шудани ин масҷидҳоро тасдиқ кардаву гуфтааст, ки чанд рӯз баъд мақомот дубора муҷаввизи иқомаи намозро содир карданд.

Сокинони ин маҳал гуфтаанд, ки мақомоти маҳаллӣ ба баҳонаи иҷро нашудани барномаи эъзоми ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ дарҳои ин 5 масҷидро пломба карданд ва онҳо ҳатто таҳдид карда буданд, ки дар моҳи мубораки рамазон ҳам иҷозаи иқомаи намоз нахоҳанд дод.