Иқомаи намози иди саиди Фитр дар масоҷиди Тоҷикистон
Мусалмонони Тоҷикистон низ ҳамонанди дигар кишварҳои исломӣ, субҳи имрӯз намози иди саиди Фитрро ба шакронаи як моҳ рӯзадорӣ иқома карданд.
Ба гузориши сомонаи “ТОП Тҷ”, намози иди саиди Фитр дар масоҷиди Тоҷикистон соати 6-и субҳи имрӯз иқома шуд.
Ин сомона таъкид кардааст, ки дар масҷиди ҷомеи Ҳоҷӣ Яъқуби шаҳри Душанбе, ки бузург тарин масҷиди пойтахти Тоҷикистон ба ҳисоб меояд, дар муқоиса бо солҳои қабл теъдоди намозгузорон камтар буд. Ҳамчунин агар солҳои қабл мақомоти давлатӣ, аз ҷумла Муҳаммадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллӣ ва шаҳрдори собиқи Душанбе бо ҳузур дар ин масҷид, фарорасии иди саиди Фитрро ба мусалмонон табрик мекарданд, дар намози имрӯз ҳеҷ мақоми давлатӣ ҳузур надошт.
Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои исломи Тоҷикистон дар намози иди саиди Фитр имрӯз дар масҷиди марказии шаҳри Душанбе аз намозгузорон даъват кард, ки ба амният ва оромиш дар Тоҷикистон арҷ бигузоранд.
Мусалмонони Тоҷикистон пас аз иқомаи намози иди саиди Фитр ба дидори бастагон ва аёдати маризон рафта ва кӯдакон низ ба идгардӣ пардохтанд. Ҳукумати Тоҷикистон соли гузашта талош кард, ки идгардии кӯдаконро мамнуъ кунад, ки муваффақ нашуд.