Июн 18, 2019 10:44 Asia/Dushanbe
  • Маҳкумияти ду шаҳрванди Тоҷикистон ба иттиҳоми пайравӣ аз ДИИШ

Ду шаҳрванди Тоҷикистон ба иттиҳоми гароиш ва пайравӣ аз дастуроти гуруҳи террористии ДИИШ маҳкум ба зиндон шуданд.

Ба нақл аз Ахбор, ин ду нафар бо номҳои Абдулшакур Аминбекови 19 сола ва Комилҷон Тағойови 33 мола зодаи шаҳристони Ёвон дар маркази Тоҷикистон ҳастанд, ки бар асоси ҳукми додгоҳи вилояти Хатлон мутаносибан 15 ва 12 сол аз озодӣ маҳрум шуданд.

Ҷурми ин ашхос гароиш ба гуруҳи террористии ДИИШ ва пайравӣ аз дастуроти саркардагони тоҷикистонии ин гуруҳ ба вижа Абу Усомаи Норакӣ барои омодагӣ ба қасди таркиши идораҳои давлатии ин кишвар эълом шудааст.

Ба гуфтаи додгоҳ, Аминбеков ва Тағойов ҳангоми муҳоҷирати корӣ ба Русия таҳти таъсири таблиғгарони ДИИШ қарор гирифта буданд, аммо вақте барои анҷоми амалиётҳои вайронкорона ба зодгоҳашон баргаштанд дар ҳайни омодасозии ин амалиётҳо боздошт шуданд.