Коргурӯҳи Созмони Милал дар бораи нопадидшудагони тоҷикистонӣ дасти холӣ бозгашт
(last modified Sat, 06 Jul 2019 14:53:58 GMT )
Июл 06, 2019 19:53 Asia/Dushanbe
  • Коргурӯҳи Созмони Милал дар бораи нопадидшудагони тоҷикистонӣ дасти холӣ бозгашт

Коргурӯҳи Созмони Милал дар бораи нопадидшудагони иҷборӣ дар сафараш ба Тоҷикистон натавонист ба иттилооти расмӣ дастрасӣ пайдо кунад.

Ба гузориши сомонаи Комиссиюни олии ҳуқуқи башари Созмони Милал, коргурӯҳе, ки аз сӯи ин созмон барои пайгирии сарнавишти афроди гумшуда дар Тоҷикистон, ба ин кишвар сафар карда буд, натавонист ба иттилооти расмӣ дар ин хусус дастрасӣ пайдо кунад, дар ҳоле ки дар Тоҷикистон афроди зиёде нопадид шудаанд.

Ин гурӯҳ, ки аз 30 –юми июн то 5 –уми июл дар Тоҷикистон ҳузур дошт, қарор аст гузориши комилеро дар бораи боздидаш аз Тоҷикистон дар соли 2020 ба Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милал ироа кунад.

Ин гурӯҳ дар сафар ба Тоҷикистон бо мақомоти давлатӣ, афроди наздик ба гумшудагон, ҳуқуқшиносон ва намояндагони ҷомеаи мадании Тоҷикистон дидору гуфтугӯ доштааст.

Матраҳ шудани мавзӯи гумшудагони иҷборӣ ва ихтиёрӣ дар Тоҷикистон дар ҳоле аст, ки мақомоти давлати ин кишвар вуҷуди ин падидаро ҳеҷ гоҳ таъйид накардаанд. Аммо ҳамарӯза дар шабакаҳои иҷтимоӣ матолибе дар бораи нопадид шудани тоҷикистониҳо дар дохил ва хориҷи ин кишвар мунташир мешавад.

Пурсарусадотарин рӯйдоди марбут ба нопадидшудагон дар Тоҷикистон - гум шудани Малика Аралова ва Сабина Аралова дар баҳори соли 2013 дар шаҳри Душанбе буд, ки то кунун нишоне аз ин ду духтар, ки он замон 4 ва 5 сол доштанд, ба даст наомадааст.

Ҳамчунин нопадид шудани Манучеҳри Мақсуд, рӯзноманигори тоҷик дар моҳи июни имсол то кунун аз дигар мавориде аст, ки нишон медиҳад мавзӯи нопадидшудагон дар Тоҷикистон ҷиддӣ аст.