Талоши Тоҷикистон барои ҳамкории ниҳодҳои минтақаӣ бо Созмони амният ва ҳамкории Аврупо
(last modified Fri, 26 Jul 2019 14:36:18 GMT )
Июл 26, 2019 19:36 Asia/Dushanbe
  • Талоши Тоҷикистон барои ҳамкории ниҳодҳои минтақаӣ бо Созмони амният ва ҳамкории Аврупо

Нишасти поёнии ҳамоиши амниятии созмони амният ва ҳамкории авррупо ба раёсати Тоҷикистон дар Вена баргузор шуд.

Ба нақл аз Форс дар ин нишаст илова бар Идибек Қаландаров намояндаи доими Тоҷикистон дар Созмони Амният ва ҳамкории Аврупо Музафар Ҳусейнзода, муовини вазорати умури хориҷаи ин кишвар ширкат ва суханронӣ кард.

Ҳусейнзода зимни суханронӣ дар ин нишаст дар мавриди натиҷаҳои аввалияи раёсати ин кишвар дар Ҳамоиши амниятии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо суҳбат кард. Вай раёсати кишвараш бар ин ҳамоиши амниятиро як марҳалаи муҳим ва таҷрибаи муасири сиёсати хориҷии Тоҷикистон унвон ва таъкид кард,ки дар ин давра Душанбе ҳамвора бар пояи усули баробарӣ, эҳтироми мутақобил ва таъодули ройиҷ дар ин ҳамоиши амниятӣ такя кардааст.

Ҳусейнзода афзуд; дар баробари ин Тоҷикистон кушиш ба харҷ дода иқдомҳои ҳамоиши мазкур ҷиҳати таҳкими бештари механизмҳои назорат дар ҳавзаи низомӣ ва сиёсӣ тадоввум ёбад. Вай гуфт; таи чор моҳи ахир барномаи Тоҷикистон бо таваҷуҳ ба дастури кори ҳамоиши мазкур аз қабили амнияти марзӣ,мудирияти силоҳҳои сабук ва захираҳои муҳимоти низомии маъмулӣ,минарӯбӣ ва ҳимоят аз кишварҳои узви Созмон барои қатъномаҳои 1540 ва 1325 и Шӯрои амнияти Созмони Милалл амалӣ шудааст.

Ҳусейнзода афзуд; илова бар ин масоили марбут ба амнияти минтақаӣ ба вижа мубориза бо терраризм ва ифротгароӣ дар Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин ҳамкорӣ ва тақвияти робитаҳои Созмони амният ва ҳамкории Аврупо бо Созмонҳои минтақаӣ аз қабили Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони паймони амнияти ҷамъӣ, Канфронси таъомул ва эътимодсозии Осиё ва Иттиҳодияи Аврупо аз ҷумла дигар масоиле буда,ки дар барномаи раёсати давраии Тоҷикистон бар Ҳамоиши амниятии Созмони мазкур аз ҷойгоҳи муҳиме бархурдор аст.