Дидори сафири ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон бо раиси намояндагони Маҷлиси ин кишвар
(last modified 2019-08-31T09:16:11+00:00 )
Август 31, 2019 14:16 Asia/Dushanbe
  • Дидори сафири ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон бо раиси намояндагони Маҷлиси ин кишвар

Сафири ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон бо раиси намояндагони Маҷлиси ин кишвар дидор кард.

Ба нақл аз ИРНА, Муҳаммад Тақии Собирӣ сафири фавқулода ва намояндаи томулихтиёри Эрон дар ҷумҳурии Тоҷикистон бо Шукурҷон Зуҳуров раиси Маҷлиси намояндагони ин кишвар дар бораи робитаҳои ду кишвар ва роҳҳои густариши ҳамкорӣ дар заминаҳои Парлумонӣ, минтақаӣ ва байналмиллалӣ табодули назар карданд.Дар ин дидор раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо ташриҳи иштирокоти динӣ,фарҳангӣ,забонӣ ва тамадунии миллатҳои Эрон ва Тоҷикистон бар зарурати таъмиқи дӯстӣ ва тақвияти иртибот миёни ду миллат ва давлати дӯст ва бародар таъкид кард.

Шукурҷон Зуҳуров омодагии Тоҷикистон барои тақвияти ҳамкориҳо ба хусус дар заминаи истифода аз зарфияти камисиюни муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ,тиҷорӣ,илмӣ, фарҳангӣ ва фанӣ ва ҳамкориҳои маҷолиси ду кишварро эълом кард ва гуфт; лозим аст дидор ва сафарҳои мақомоти ду кишвар ва сармоягузорӣ ва ҳамкорӣ миёни ширкатҳои эронӣ ва тоҷикӣ афзоиш ёбад.

Сафири ҷумҳурии исломии Эрон ҳам бо ишора ба беҳбуди муносибатҳо ва робитаҳои Эрон ва Тоҷикистон дар моҳҳои ахир, ба сафари раиси ҷумҳурӣ барои ширкат дар иҷлоси сарони СИКО, сафари Муҳриддин вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ба Теҳрон ва аз саргирии дубораи парвози мустақим миёни ду кишвр гуфт; иродаи мақомоти олии ду кишвар бар густариши равобит миёни ду миллати ҳам дин, ҳам забон ва ҳамфарҳанг қарор дорад.

Собирӣ бо ишора ба баргузории нишасти камисиюни муштараки ҳамкориҳои ду кишвар дар ояндаи наздик, зарфиятҳои ҳамкорӣ дар ҳавзаи иқтисодӣ миёни Эрон ва Тоҷикистонро болотар аз сатҳи кунунӣ донист.

Барчасп