Сентябр 12, 2019 11:29 Asia/Dushanbe
  • Лағви қарордоди бозсозии таҷҳизоти корхонаи “Тоҷик-Азот” бо Чин

Қарордоди бозсозии таҷҳизотии корхонаи “Тоҷик-Азот”-и Тоҷикистон бо Чин лағв шуд.

Ҳукумати Тоҷикистон қарордоди бозсозии таҷҳизоти корхонаи коркарди маводи кимиёии “Тоҷик-Азот” –и Вахш, дар шаҳри Сарбанди ин кишвар бо ширкати чинии “Ҳайнан Чжуня” -ро лағв кард.

Ба гузориши сомонаи “Азия плюс”, далели ин иқдом амал накардани ин ширкати чинӣ ба тааҳҳудоташ дар заминаи бозсозии таҷҳизоти танҳо корхонаи коркарди маводи кимиёии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон эълом шудааст.

Ширкати чинии “Ҳайнан Чжуня” дар моҳи сентябри соли 2016 саҳҳоми молии ин ширкати тавлидиро харидорӣ кард ва мутааҳҳид шуд, ки бо ҳазинаи 360 миллион доллар дар соли 2018 кори бозсозии ин корхонаро ба поён хоҳад расонд. Пеш аз ин Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон дастур дода буд, ки агар дар оғози соли 2019 ширкати ёдшудаи чинӣ ба тааҳҳудоти худ дар заминаи ба баҳрабардорӣ расонидани корхонаи куди кимиёии Вахш амал накунад, бояд ба дунболи сармоягузори дигар буд.

Дар соли 2001 Дмитрий Фирташ, сармоягузори украинӣ 75 дарсад аз саҳҳоми молии ин корхонаро харид, аммо дар соли 2009 ба далели қатъи гази содиротии Узбакистон фаъолияти корхона мутаваққиф шуд ва дар соли 2014 додгоҳи олии Тоҷикистон ба иттиҳоми вогузории ғайриқонунии ин маркази тавлидӣ ба Дмитрий Фирташ, ҳукми мусодираи ин корхонаро содир кард.

Интизор мерафт , ки пас аз бозсозии корхонаи мазкур, бо таъмини ниёзи Тоҷикистон ба маҳсулоти он, заминаи содирот ба мизон 1 миллион тон ба Афғонистон ва 300 ҳазор тон ба Қирғизистон низ фароҳам шавад.

 

Барчасп