Октябр 15, 2019 17:24 Asia/Dushanbe
  • Зиндагии пасодиишӣ барои кӯдакони тоҷики урдугоҳҳои Сурия

Оғози ҳамлаи Туркия ба манотиқи курднишини шимоли Сурия боиси нигаронии садҳо тан аз занону кӯдакони тоҷик, ки дар урдугоҳи артиши курдҳои ин минтақа ба сар мебаранд, шудааст.

Давлати Тоҷикистон дар садади бозгардонидани онҳо ба кишвар аст, аммо ҳатто бозгардонидани ин кӯдакон ба Тоҷикистон мусталзими сарфи замон ва ҳазинаи боло барои одат кардани онҳо бо муҳит ва иҷтимоъ аст.

Ба гузориши расонаҳои Осиёи Миёна, даҳҳо тан аз кӯдакони тоҷикистонӣ, ки бо модарони худ дар қаламравҳои ДИИШ ба сар мебурданд, дар ҳоли ҳозир ба кишварашон бозгардонда шудаанд, аммо ҳанӯз масъалаи татовуқ ё одат кардани онҳо бо ҷомеа ва зиндагии хориҷ аз ин урдугоҳҳо матраҳ аст.

Мақомоти Тоҷикистон ахиран барои бозгардондани занону кӯдакони муқими урдугоҳҳои ДИИШ дар Сурия, ки тибқи арзёбиҳои Созмони Милал дар вазъияти асафноке зиндагӣ мекарданд, эъломи омодагӣ кардааст. Ин мавзуъ рӯзи панҷуми октябр тавассути сафири Тоҷикистон дар Ироқ баён шуд. Вай гуфт, ки музокироте дар мавриди бозгардондани ин занону кӯдакон ба Тоҷикистон бо мақомоти Сурия анҷом шудааст.

Тибқи гузориши мақомоти тоҷик, дар ҳоли ҳозир дар қаламравҳои Сурия беш аз 500 зану кӯдаки тоҷик аз аъзои хонаводаҳои ҷангҷӯёни кушташудаи диишӣ нигаҳдорӣ мешаванд.

Бар асоси оморҳо, 90 нафар аз ҷамъияти онҳоро занон, 200 нафарро духтарон ва 240 нафарро писарон ташкил медиҳанд. Кӯдакон байни як то 17 сол син доранд. Ҳудуди 132 нафар аз онҳо низ тайи ду соли ахир мутаваллид шудаанд. Аксари онҳо падар ё модар ё ҳар дуро аз даст додаанд.

Агар мақомоти Тоҷикистон бо мақомоти Сурия ба тавофуқ бирасанд, ин дувумин марҳалаи бозгардонии шаҳрвандони тоҷик аз ин қаламравҳо хоҳад буд. Пештар дар таърихи 30 апрел низ Тоҷикистон 84 кӯдакро аз ин урдугоҳҳо ба Тоҷикистон бозгардонд. Модари бештари ин кӯдакон ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо ДИИШ ва гурӯҳҳои террористӣ дар зиндон ба сар мебаранд.

Ҷомеаи Тоҷикистон аз тасмими мақомот дар мавриди бозгардондани ин кӯдакон бисёр истиқбол кард. Ҳатто расонаҳо аз дархости ба фарзандхондагии ин кӯдакон аз тарафи ҳудуди 35 хонавода хабар доданд. Хешовандони дуру наздики ин кӯдакон низ борҳо омодагии худро барои таҳти ҳимоят гирифтани ин кӯдакон эълом карданд. Бо вуҷуди ин, мақомот барои супурдани кӯдакон ба ин хонаводаҳо аҷала намекунад. Ин кӯдакон ба парваришгоҳ ва марокизи нигаҳдорӣ аз кӯдакон ва навҷавонон супурда хоҳанд шуд.

Пештар равоншиносони байналмилалии созмони “Салиби Сурх” тавсия карда буданд, барои мутобиқати ҳарчӣ зудтари ин кӯдакон бо муҳит ва иҷтимоъ, дар асраи вақт онҳоро ба ин хонаводаҳо бисупоранд.

Ба гуфтаи равоншиносон, ин чандгонагӣ ва рӯйкардҳои мухталиф дар ин бора ба ин далел аст, ки ин як падидаи комилан ҷадид аст, ки роҳҳаллт фарогир надорад. Ҳатто агар онҳо дар марокизи нигаҳдорӣ аз кӯдакон нигаҳдорӣ шаванд, хешовандонашон бояд зуд ба зуд аз ҳоли онҳо бохабар шаванд, онҳо бояд таъми меҳру муҳаббатро бичашанд ва ин лозимаи татовуқ бо муҳит ва иҷтимоъ аст.

Бархе равоншиносон низ ба далели тамоюли нохудогоҳи ин кӯдакон ба хушунат, онҳоро таҳдиде барои атрофиён медонанд. Бо таваҷҷуҳ ба дидгоҳҳои ифротгароёнаи бархе аз ин кӯдакон, ки аз ибтидои таваллуд бо он даргир будаанд, беҳтар аст муддате онҳо таҳти шароити хос нигаҳдорӣ ва тавассути равоншиносон кумакҳо дарёфт кунанд. Ба ақидаи онҳо, имкони кумак ва беҳбуди шароити рӯҳӣ ва равонии ин кӯдакон дар қадами аввал ба синни онҳо бастагӣ дорад. Ҳамчунин дер ё зуд ин суол барои ин кӯдакони зери 10 сол, ки падару модари худро аз даст додаанд, пеш меояд, ки далели марги онҳо чӣ будааст ва ба дунболи гуноҳкор мегарданд. Аммо яке аз равоншиносони тоҷик мегӯяд, амалиёти татовуқ ва беҳбуди шароити равонии бархе аз ин кӯдакон дар мароҳили ибтидоӣ бо муваффақият сипарӣ шудааст.