Октябр 16, 2019 10:46 Asia/Dushanbe
  • Русия бояд дар истихроҷи фулӯзоти рангӣ дар Тоҷикистон мушорикат кунад

Устоди улуми сиёсии Донишгоҳи давлатии Маскав ва коршиноси масоили минтақа мӯътақид аст, ки Русия низ бояд дар канори Чин дар истихроҷи фулӯзоти рангӣ дар Тоҷикистон мушорикат кунад.

Ба нақл аз Спутник, Андрей Минайло гуфтааст, ки истихроҷи фулӯзоти рангӣ дар манотиқи кӯҳистонии Тоҷикистон кори сахт ва пурҳазинае аст ва ниёз ба фанноварӣ ва таҷҳизоти тахассусии нав дорад.

Ин коршиноси рус афзуд: Умдаи маъданҳои фулӯзоти рангии Тоҷикистон дар ҷануби Тоҷикистон ва қаламрави вилояти кӯҳистони Бадахшон воқеъ шудааст, ки барои саноеи дифоӣ, электроника ва таҷҳизоти нави низомӣ корбурди васеъ дорад ва Русия бояд мавзӯи истихроҷи ин маводро баррасӣ кунад.

Ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интиқод аз вогузории бархе маъданҳо ба ширкаитҳои хориҷӣ, ки сирфан хомфурӯшии маводи санъатиро таъмин мекунанд, бар сохти корхонаҳои фароварӣ ва тавлиди маҳсулот дар дохили Тоҷикистон таъкид кард.

 

Барчасп