Дархости гурӯҳе аз рӯзноманигорони тоҷики муқими Аврупо барои ҳазфи номашон аз феҳристи муртабит бо гурӯҳҳои терорристӣ
(last modified 2019-10-31T06:18:51+00:00 )
Октябр 31, 2019 11:18 Asia/Dushanbe
  • Дархости гурӯҳе аз  рӯзноманигорони тоҷики муқими Аврупо барои ҳазфи номашон аз феҳристи муртабит бо гурӯҳҳои терорристӣ

Гурӯҳе аз рӯзноманигорони тоҷики муқими Аврупо хостори ҳазфи номашон аз феҳристи муртабит бо гурӯҳҳои терорристӣ шуданд.

Ба нақл аз сомонаи Конюз , Мавҷуда Соҳибназарова , Амруллоҳ Низом , Шуҳрат Раҳматуллоҳ , Ҳумайро Бахтиёр , Муҳаммад Шариф Абдуллоҳ ва Бобораҷаб Холов бо интишори баёнияе хостори ҳазфи асомии худ аз феҳристи афроди муртабит бо гурӯҳҳои терорристии эълом шуда аз суи Бонки миллии Тоҷикистон шуданд.

 Дар феҳристи нави Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи афроди муртабит бо гурӯҳҳои терорристӣ номи 2 ҳазору 392 нафар сабт шуда ,ки дар муқоиса бо соли қабл ҳазору 20 нафар бештар аст.

 Дар ин феҳрист асомии 6 нафар аз рӯзноманигорони тоҷики муқими Аврупо ҳам мушоҳида мешавад ,ки муҷиби эътирози ин афрод шудааст.

 Онон таҳдид карданд ,ки дар сурати ҳазф нашудани асоми аз ин феҳрист ба Додгоҳҳои байналмилаллӣ шикоят хоҳанд кард.

 Ин феҳрист бар асоси дархости Созмони байналмилаллии муқобила бо пулшуи (  FATF )  таҳия шуда аст ,ки дар он номи афроди саршиносе назири Муҳиддини Кабирӣ раиси Ҳизби мамнуъаи наҳзати исломии Тоҷикистон ва раиси паймони миллии Тоҷикистон то сарҳанги фирорӣ Гулмурод Ҳалимов фармондеҳи пешини нерӯи вижаи вазорати корҳои дохилаи ин ҷумҳури мушоҳида мешавад.

Бо ин ҳол мақомоти Бонки миллии Тоҷикистон ҳозир нашуданд ,ки дар бораи иллати афзуда шудани асомии 6 нафар аз рзноманигорони тоҷики муқими Аврупо ба феҳристи афроди муртабит бо гурӯҳҳои терарристӣ тавзеҳ диҳанд.

Барчасп