Масдуд шудани сомонаи “CA-News” дар Тоҷикистон
(last modified Thu, 28 Nov 2019 05:14:57 GMT )
Ноябр 28, 2019 10:14 Asia/Dushanbe
  • Масдуд шудани сомонаи “CA-News” дар Тоҷикистон

Сомонаи хабаргузории “Осиёи Марказӣ” ("CА-News") дар Тоҷикистон масдуд шуд.

Ба гузориши сомонаи ёдшуда, дастрасӣ ба матолиби ин хабаргузорӣ дар Тоҷикистон ғайримумкин шудааст.

Маркази фаъолияти сомонаи хабаргузории “CA-News” дар шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон воқеъ шудааст, ки таҳаввулоти 5 кишвари Осиёи Марказӣ – Узбакистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва инчунин Муғулистонро пӯшиш медиҳад. Ин хабаргузорӣ таъкид кардааст, ки далели масдуд шудани сомонаи он дар Тоҷикистон маълум нест.

Дар Тоҷикистон баъзан иқдом ба масдуд кардани паёмрасонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоии “Ютюб”, “Фейсбук”, “Гугл”, “Одноклассники” ва “ВКонтакте” мекунанд. Кормандони ширкатҳои пуштибони хадамоти интернет дар Тоҷикистон мегӯянд, ки бастан ва маҳдуд кардани дастрасӣ ба сомонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ кори Хадамоти давлатии мухобирот ва иртибототи Тоҷикистон аст. Ҳамчунин дастрасӣ ба матолиби хабаргузории “Азия плюс” ва теъдоде аз сомонаҳои муртабит бо гурӯҳҳо, аҳзоб ва мухолифони сиёсии давлати Тоҷикистон дар дохили ин кишвар ғайримумкин аст.