Декабр 02, 2019 13:58 Asia/Dushanbe
  • Интиқод аз амалкарди чиниҳо дар баҳрабардорӣ аз корхонаи зуби оҳани Тоҷикистон

Як рӯзноманигори тоҷик менависад, чиниҳо ба баҳонаҳои мухталиф замони оғози фаолияти корхонаи зуби оҳани Тоҷикистонро ба ақиб меандозанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Неъматуллоҳ Мирсаидов рӯзноманигори тоҷик бо интишори матлабе дар сомонаи Centrasia.org бо ишора ба фаол нашудани нахустин корхонаи зуби оҳани Тоҷикистон дар вилояти Суғд, ки дар соли 2017 аз сӯи ширкатҳои чинӣ ифтитоҳ шуда буд, навиштааст, чиниҳо, ки қарор буд дар ин корхона фароварии сурбро оғоз кунанд, дар раванди кор чанд кони арзишманди дигар дар таркиби сурб кашф карда ва ба баҳонаҳои мухталиф замони оғози фаолияти ин корхонаро ба ақиб андохтаанд.

Мирсаидов иддао кардааст, чиниҳо тамомии манобеи конии Тоҷикистонро ба шакли маводи хом ба кишвари худ мунтақил мекунанд ва намехоҳанд, ки дар дохили Тоҷикистон имкони тавлиди маҳсул фароҳам шавад.

Барчасп