Мухолифони додгоҳи олии Тоҷикистон бо таҷдиди назар дар ҳукми 28 мутаҳами шуриш дар зиндони Ваҳдат
(last modified 2019-12-21T06:31:31+00:00 )
Декабр 21, 2019 11:31 Asia/Dushanbe
  • Мухолифони додгоҳи олии Тоҷикистон бо таҷдиди назар дар ҳукми 28 мутаҳами шуриш дар зиндони Ваҳдат

Додгоҳи олии Тоҷикистон бо дархости таҷдиди назари вакилони мудофеъи 28 мутаҳами шуриш дар зиндони ноҳияи Ваҳдат мухолифат кард.

Ба нақл аз сомонаи Тоб Ти Ҷи,додгоҳи олии Тоҷикистон эълом кард,ки ҳукми 19 то 29 соли зиндон барои 28 зиндонии мутаҳамоне,ки дар шуриши шаби 19 май дар зиндони ноҳияи Ваҳдат дахолат доштанд қатъӣ аст ва ғайри қобили тағийр аст.

Ҷурмҳои ин 28 зиндонӣ бар асоси 16 банди қонуни кайфарии Тоҷикистон терор, ифротгарӣ ва куштор эълом шудааст.

Додгоҳи олии Тоҷикистон чанде пеш маҳрамона, ҳукми 19 то 29 зиндонии мутаҳамро содир кард,ки бастагони ин мутаҳамон ин ҳукмҳоро сангин дониста ва хостори таҷдиди назари додгоҳ шуданд.

Пеш аз ин мақомоти Созмони зиндонҳои Тоҷикистон эълом карда буданд,ки натиҷаи шуриш дар зиндони ноҳияи Ваҳдат 32 нафар аз ҷумла 29 зиндонӣ ва 3 маъмур кушта шуданд.

Гурӯҳи терорристии ДИИШ масулияти ин ҳодисаро бар уҳда гирифта буд.

Дар Тоҷикистон дар муддати шаш моҳ яъне аз ноябри соли 2018 то ммоҳи майи соли 2019 ду шуриш дар зиндонҳои Хуҷанд ва ноҳияи Ваҳдат рух дод,ки дар натиҷаи он 50 зиндонӣ ва 7 маъмури ин ду зиндон кушта ва беш аз 100 нафар захмӣ шуданд.

Барчасп