Кумаки 58 миллион долларии Анҷумани байналмиллалии Рушд барои таъмини оби 7 ноҳияи устони Хатлон
(last modified 2019-12-26T05:49:25+00:00 )
Декабр 26, 2019 10:49 Asia/Dushanbe
  • Кумаки 58 миллион долларии Анҷумани байналмиллалии Рушд барои таъмини оби 7 ноҳияи устони Хатлон

Анҷумани байналмилаллии Рушд барои таъмини оби 7 ноҳияи Хатлон 58 миллион доллар ба Тоҷикистон кумак мекунад.

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тафоҳумномаи кумаки 58 миллион долларии Анҷумани байналмиллалии Рушд барои таъмини оби 7 ноҳияи вилояти Хатлонро тасвиб кард.

 Ба нақл аз хабаргузории ТОҷвик, дар сурати иҷроӣ шудани ин тафоҳумнома ҳудуди 1 миллион нафар аз сокинони устони Хатлон дар ҷунуби Тоҷикистон то соли 2025 аз оби ошомидании солим бархурдор хоҳанд шуд.

Ин дар ҳоле аст,ки чанде пеш гузоришгари вижаи Созмони Милалли Муттаҳид аз ҳукумати Тоҷикистон хоста буд,ки барои таъмини ҳуқуқи сокинони ин ҷумҳурӣ махсусан дар мавриди дастррасӣ ба оби ошомидании солим талош кунад.

 Аз дидгоҳи Созмони Милалли Муттаҳид дастрасӣ надоштани сокинони Тоҷикистон, ба вижа минтақаҳои рӯстоӣ ба оби ошомидании солим сабаби марги кудакони зери 5 соли ин ҷумҳурӣ шудааст,ки бояд барои ҳали ин мушкил иқдом кунанд.

Гузоришгари вижаи Созмони Милалли Муттаҳид набуди ниҳоди назоратии мустақил дар заминаи кантроли кайфияти обро аз дигар мушкилоти Тоҷикистон эълом кардааст.

Мақомоти ҳукуматии Тоҷикистон яке аз далелҳои аслии дастрасӣ надоштани сокинони минтақаҳои рӯстоии кишвар ба оби ошомидании солимро фарсуда шудани хатҳои лулаҳои интиқоли об эълом мекунанд,ки ниёз ба сармоягузории молӣ дорад.

Бонки Ҷаҳонӣ ҳам қарор аст 50 миллион доллар барои рафъи мушкилоти зерсохтӣ ба Тоҷикистон кумак кунад.

Ин дар ҳоле аст,ки Ҷамшед Табарзода мудири идораи хадамоти шаҳрии Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ дар Душанбе тобистони имсол эълом карда буд,ки 62 дар сади мардуми ин кишвар ба оби ошомидании солим дастрасӣ доранд.

 

Барчасп