Кумаки билоивази Бонки рушди Осиё барои иҷроии ду тарҳ дар Тоҷикистон
Дафтари намояндагии Бонки рушди Осиё дар Тоҷикистон аз кумаки билоивази 120 миллион доллар ба ин кишвар барои иҷроии ду тарҳи фарҳангӣ ва иқтисодӣ хабар дод.
Ба нақл аз сомонаи Тоҷ Вик, Файзиддин Қаҳорзода вазири молияи Тоҷикистон ва Прадип Сривастав, намояндаи Бонки рушди Осиё дар Душанбе ин тавофуқномаро имзо карданд.
Намояндаи Бонки рушди Осиё дар Тоҷикистон гуфт, 10 миллиондоллар аз ин кумаки молӣ барои тавсиъаи зерсохтҳои гардишгарии ин кишвар ҳазина хоҳад шуд.
Вай манзараҳои кӯҳистонӣ, табиати зебо, вуҷуди маконҳои бостонӣ ва таърихӣ ва воқеъ шудани Тоҷикистон дар масири ҷодаи қадимии Абрешимро аз ҷазобиятҳои гардишгарии ин кишвар эълом кард,ки бояд барои рушд ва тавсиаи зерсохтҳои мавриди ниёз барои ҷазби гардишагар сармоягузорӣ шавад.
Сривастав ҳамчунин эълом кард, 110 миллиондоллари дигар аз кумаки молии белоивази Бонки рушди Осиё низ барои сохти роҳи Обигарм - Нуробод ҳазина хоҳад шуд.
Ба гуфтаи Сривастав, ин роҳи муҳим, бахше аз масири байналмиллалие аст,ки бояд ҳудуди 75 киллометр роҳи асвалт ва теъдоде пул ва тунел дар ин масир сохта шавад.
Роҳи нав ҷойгузини масири пешини ҷодаи Душанбе ба Нуробод хоҳад шуд,ки бо обгирии тадриҷии садди Роғун зери об меравад. Бонки рушди Осиё аз соли 1998 то кунун 1 миллиарду 800 миллион доллар ба Тоҷикистон кумак карда,ки 1 миллиарду 200 миллион доллар аз ин маблағ билоиваз будааст.