Дархости муовини устондори Бадахшон барои поёни фасоди молии нерӯҳои марзбонии Қулмаи Тоҷикистон
Муовини устондории бадахшон аз марзбонон ва коркунони гумруки Қулма дархост кард ,ки ришвахорӣ накунанд.
Ба нақл аз дафтари матбуотии устондори Бадахшон , Алишер Мирзонаботов дар нишасти масулони устон гуфт ,ки теъдоди зиёде аз бозаргонони тоҷик аз дарёфти ришваи кормандони нерӯҳои марзбонӣ ва гумрук дар посгоҳи марзии Қулма бо кишвари Чин ва гузаргоҳи Қизил орт бо Қирғизистон шикоят карданд.
Вай гуфт ; бар асоси омори расмӣ , порсол аз посгоҳи марзии Қулма тоҷикистон 4 ҳазору 419 дастгоҳи комюн, ҳудуди 1 ҳазору 500 тон нах пахта ,367 тон пуст , ҳудуди ҳазор тон санги мар мар ва 350 тон нуқраи хомро ба мақсади Чин ҳамл карданд.
Алишер Мирзонаботов афзуд ; бо санадсозӣ фақат убури 38 комюн гузориш шудааст ,ки ҳамагӣ ҳазору 56 тон ангиштсанг ва 5 тон анвои дигар борҳоро ба Чин ҳамл мекарданд. Муовини шустондори Бадахшон таҳдид кард дар сурати ислоҳ нашудани ин шароит бо кормандони тахаллуфкори марзбонӣ ва гумрук дар посгоҳи марзии Қулма бо кишвари Чин бархурди қонунӣ мешавад.
Гузаргоҳи марзии Қулма дар устони Бадахшон танҳо масири иртиботии Тоҷикистон бо Чин аст,ки ба далели кӯҳистонӣ ва сард сейр будани минтақа фақат шаш моҳи сол имкони тарадуди худравҳо дар ин масир вуҷуд дорад.