Озодии 4 ҳазор зиндонии соли гузашта дар Тоҷикистон ,баъд аз эъломи қонуни авфи умумӣ
(last modified 2020-02-08T04:48:28+00:00 )
Феврал 08, 2020 09:48 Asia/Dushanbe
  • Озодии 4 ҳазор зиндонии соли гузашта дар Тоҷикистон ,баъд аз эъломи қонуни авфи умумӣ

Мақомоти Вазорати ъадлияи Тоҷикистон эълом карданд соли гузаштаи милодӣ баъд аз иҷроӣ шудани қонуни авфи умумӣ дар ин кишвар 4 ҳазор зиндонӣ озод шуданд.

Ба нақл аз сомонаи Спутник , ин манобеъ эълом карданд бар асоси ин қонун бояд 10 ҳазору 757 зиндонӣ озод мешуд ,ки  фақат 4 ҳазор маҳкум аз зиндонҳо озод шуданд ва ба муҷозоти дигар маҳкумон тахфиф дода шуд.

Имомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар санаи 25 октиябри соли 2019 ба муносибати биступанҷумин солгарди тасвиби қонуни асосии ин кишвар фармони авфи умумиро имзо кард , бар асоси ин фармон бояд 20 ҳазор нафар дар Тоҷикистон шомили ин қонун мешуданд.

Манобеъи мустақили хабарӣ эълом карданд , зиндониёни сиёсӣ ва намояндагони  Ҳизбҳо ва гурӯҳҳои мухолифи ҳукумати Тоҷикистон машмули ин қонун намешаванд.