Ҳудуди 30 дарсад аз занони 19 то 49-сола дар Тоҷикистон аз хушунатҳои мухталиф ранҷ мебаранд
(last modified 2020-02-16T13:08:13+00:00 )
Феврал 16, 2020 18:08 Asia/Dushanbe
  • Ҳудуди 30 дарсад аз занони 19 то 49-сола дар Тоҷикистон аз хушунатҳои мухталиф ранҷ мебаранд

Ба гузогриши Авеста, Пратибҳа Маҳта, ҳамоҳангкунандаи Созмони Милал дар Тоҷикистон гуфт: Ҳудуди 97 дарсад аз мардони муҷрим ҳамсарони феълӣ ё собиқи худро озор ва азия мекунанд.

Ӯ гуфт, ки дар соли 2017 Иттиҳодияи Аврупо ва Созмони Милал ба таври муштарак як барнмаи иқдоми ҷаҳонии бесобиқа ба унвони модели корбурдиро барои решакан кардани анвои хушунат алайҳи занон ва духтарон то соли 2030 оғоз кард.

Ҳамоҳангкунандаи Созмони Милал дар Тоҷикистон гуфт, ки дар Тоҷикистон қонун барои занон ва мардон баробар аст ва кишвар мутааҳҳид ба тазмини баробарии ҷинсиятӣ аст, вале бо вуҷуди ин ҳанӯз яке аз поинтарин шохисҳои баробарии ҷинсиятӣ дар минтақаро доро аст.

Маҳта Пратибҳа гуфт:

Занон ва духтарон ҳанӯз ҳам барои дастрасӣ ба саломати тавлиди мисл ва ҳуқуқи тавлиди мисл, омӯзиш, фурсатҳои иқтисодӣ ва беҳбуд бо монеаҳои ҷиддӣ рӯбарӯ ҳастанд ва ба андозаи кофӣ дар фарояндҳои тасмимгирӣ дахил нестанд.

 

Барчасп