Феврал 23, 2020 10:20 Asia/Dushanbe
  • Ҳукумати Тоҷикистон дастури беҳбуди хадамоти интернетро содир кард

Ҳукумати Тоҷикистон ба Хадамоти алоқаи ин кишвар вазифа гузоштааст, ки барои афзоиши суръат ва беҳбуди хадамоти интернет иқдом кунад.

Ба нақл аз Ховар, ин дастур пас аз интиқоди шадиди Эмомалӣ Раҳмон раисиҷумҳури Тоҷикистон аз интернети суст ва дар ин кишвар содир шудааст.

Вай таъкид кардааст, ки  суръати пасти интернетро яке аз омилҳои боздорандаи иқтисод, тиҷорат, фарҳанг, маориф, омӯзишу парвариш, сайёҳӣ ва иртибот бо хориҷ мешавад. Дар чорчуби барномаи афзоиши суръати интернет дар Тоҷикистон насби таҷҳизоти нави иртиботӣ ва мухобиротӣ барномарезӣ шудааст.

Чанд рӯз пеш ширкати байналмиллалии ирландии Ookla Тоҷикистонро дар радабандии моҳи январи соли равони худ аз руйи интернети ноқилӣ дар зинаи 109 қарор дод. Ин дар ҳолест, ки дар соли 2019 дар радабандии ҷаҳонӣ Тоҷикистон  аз рӯи суръати интернети мобилӣ аз миёни 140 кишвар дар ҷойи 133 қарор гирифта буд.

Гуфта мешавад, ки суръати интернети мобилии Тоҷикистон барои воридсозӣ 5,04 Мбит дар сония аст, ки дар ҷаҳон дар радаҳои поёнӣ қарор дорад.

Миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қазоқистон бо қарор гирифтан дар радаи 85 ҷаҳонӣ мавқеияти бартарро ба худ ихтисос додааст.

Дар радаи баъдӣ дар миёни кишварҳои ин минтақа аз нигоҳи суръати интернети тилифони ҳамроҳи  Қирғизистон қарор дорад, ки ҷойгоҳи 111 ҷаҳониро ба худ ихтисос додааст.