Мушорикати 4 ҳазор довталаби тоҷик дар марҳилаи нахусти озмуни вуруд ба донишгоҳҳои Русия
(last modified 2020-04-07T04:26:25+00:00 )
Апрел 07, 2020 09:26 Asia/Dushanbe
  • Мушорикати 4 ҳазор довталаби тоҷик дар марҳилаи нахусти озмуни вуруд ба донишгоҳҳои Русия

Намояндаи Созмони ҳамкориҳои илмии Русия дар Тоҷикистон аз мушорикати 4 ҳазор довталаби тоҷик дар марҳилаи нахусти озмуни вуруд ба донишгоҳҳо дар риштаҳои коршиносии аршади Русия хабар дод.

Ба нақл аз сомонаи Спутник, Михаил Вождаев гуфтааст, ки марҳилаи нахусти озмуни вуруд ба донишгоҳҳои Русия бо ҳамоҳангӣ бо Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба далели ҷилавгирӣ аз шуюи вируси корона бо каме таъхир дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Хоруғ ва Кулоб баргузор шуд.

Вай гуфтааст, ки муҳимтарин меъёр дар ин марҳила навиштани иншоъ ба забони русӣ буд ва теъдоди довталабони мушорикат дар марҳилаи дуввуми озмуни вуруд ба донишгоҳҳои Русия мушаххас шудааст.

Дар ин марҳила устодони донишгоҳҳои Русия мизони дониши довталабони тоҷикистонии вуруд ба донишгоҳҳои Русияро маврид арзёбӣ қарор доданд.

Вазорати маорифи Тоҷикистон дар соли 2019 эълом карда буд, ки ин кишвар наздик ба 24 ҳазор донишҷӯи бурсия дар Русия дорад ва шавқмандии  довталабон барои вуруд ба марокизи илмии Русия низ дар ҳоли афзоиш аст.