Дархости ҳудуди 200 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия барои бозгашт ба Ватан
(last modified 2020-04-12T05:18:18+00:00 )
Апрел 12, 2020 10:18 Asia/Dushanbe
  • Дархости ҳудуди 200 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия барои бозгашт ба Ватан

Ваколатдори ҳуқуқи башар дар Федератсияи Русия гуфт:Ҳудуди 200 шаҳрванди тоҷик мехоҳанд Русияро тарк ва ба Тоҷикистон баргарданд.

Ба нақл аз Спутник, Татяна Москалкова  афзуд:Ба далели баста шудани марзҳо, Русия наметавонад муҳоҷиронро ба Тоҷикистон баргардонад.

Ба гуфтаи вай бо ҳамоҳангиҳои анҷомшуда дар Русия шароит барои баргардондани тоҷикистониҳо омодааст, вале Тоҷикистон марзҳои худро бастааст.

Ваколатдори ҳуқуқи башар дар Федератсияи Русия гуфт: Дар иртибот бо авзоъи кунунӣ музокирот бо сафорати Тоҷикистон дар Русия ва ниҳодҳои ҳуқуқии Тоҷикистон идома хоҳад ёфт.