Пойтахти Тоҷикистон карантин мешавад
(last modified Sat, 16 May 2020 14:03:18 GMT )
Май 16, 2020 19:03 Asia/Dushanbe
  • Пойтахти Тоҷикистон карантин мешавад

Шаҳрдори Душанбе аз карантини 512 ҳазор нафар аз сокинони пойтахти 863 ҳазор нафарии Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз густариши коронавирус хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷвик, 403 ҳазору 570 нафар аз ин афрод донишҷӯён ва хонандагони мактаб, омӯзгорони мактабҳо ва устодони донишгоҳҳо, мудирон ва мураббиёни кудакистон мебошанд.

Ҳамчунин ҳаракати воситаҳои нақлиёти умумӣ  65 дарсад коҳиш ёфта ва 823 ронанда акнун хонанишин шудаанд.

Аз сӯи дигар ба далели таътилии марокизи тиҷорӣ 12 ҳазору 818 нафар аз касабаи бозор, сартарошхонаҳо ва кормандони ресторанҳо ва қаҳвахонаҳо низ фаолият намекунанд.

30 дарсад аз кулли кормандони идороти давлатие, ки теъдоди онон ду ҳазору 253 нафар мебошад низ дар хонаҳои худ нишастаанд.

Бо ин ҳол дар бораи ин, ки оё ба ин теъдод афроди карантин ва муваққатан бекор шуда дар шаҳри Душанбе ба унвони ҷуброни хасоратҳои молии кумакпулие пардохт  хоҳад шуд ё на, тавзеҳ  дода нашудааст.