Даргузашти 11 зиндонӣ ва се корманди Созмони зиндонҳои Тоҷикистон бар асари илтиҳоби шуш
(last modified 2020-06-13T13:58:45+00:00 )
Июн 13, 2020 18:58 Asia/Dushanbe
  • Даргузашти 11 зиндонӣ ва се корманди Созмони зиндонҳои Тоҷикистон бар асари илтиҳоби шуш

Раиси Созмони зиндонҳои Тоҷикистон аз даргузашти 11 зиндонӣ ва се корманди ин ниҳод аз моҳи март то нимаи июни имсол хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Азия-Плюс, Мансурҷон Умаров гуфтааст, ки сини миёнаи ин афрод байни 50 то 70 сол буда, ки ҳамагӣ бар асари мубтало шудан ба бемории илтиҳоби шуш ҷони худро аз даст додаанд.

Вай таъкид кардааст, ки дар ҳоли ҳозир 20 зиндоние, ки мубтало ба илтиҳоби шуш мебошанд, таҳти муроқибати пизишкон дар бемористонҳои Созмони зиндонҳои Тоҷикистон бистарӣ шудаанд.

Вай афзудааст: Аагар қаблан рӯзона то 50 зиндонӣ ба далели илтиҳоби шуш ба пизишкони зиндонҳо муроҷиа мекарданд, акнун ин теъдод ба панҷ то шаш нафар расидааст.

Ба гуфтаи Мансурҷон Умаров, бар асоси муқаррарот тамомии зиндонёне, ки таби баланд  доранд ба муддати 14 рӯз карантин мешаванд.

Раиси Созмони зиндонҳои Тоҷикистон гуфтааст, ки барои ҷилавгирӣ аз густариши бемориҳои сироятӣ наздик ба се моҳ аст, ки мулоқоти зиндониён бо аъзои хонаводаҳояшон мамнуъ шуда ва замони бекор кардани ин мамнуият мушаххас нест.

 

Барчасп