Мусоҳиба бо чанд нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар бораи пардохти ҳазинаҳои дармони корона
(last modified 2020-07-13T12:02:31+00:00 )
Июл 13, 2020 17:02 Asia/Dushanbe

Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълон кард, тамоми ҳазинаҳои дармони беморони короноӣ ройгон аст.

Ба гузориши радиои бурунмарзии  Садои Хуросони Разавӣ, мақомоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълон карданд, ки тамоми ҳазинаҳои дармони беморони мубтало ба корона ройгон аст, вале беморони беҳбудёфта ва ё ҳамроҳони онҳо мегӯянд, ки бемористон аз онҳо тамоми ҳазинаҳои дармонро дарёфт кардааст.

Дар ин бора бо чанд нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон мусоҳиба шудааст.

То кунун дар Тоҷикистон 6457 нафар аз мубталоён ба корона шиносоӣ шудаанд ва 55 нафар низ фавт кардаанд.