Дархости сафорати Тоҷикистон дар Маскав дар бораи кушта шудани як тоҷики мазнун ба терроризм
(last modified 2020-07-29T06:46:06+00:00 )
Июл 29, 2020 11:46 Asia/Dushanbe
  • Дархости сафорати Тоҷикистон дар Маскав дар бораи кушта шудани як тоҷики мазнун ба терроризм

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав аз мақомоти қазоии Русия дархост кардааст, ки дар бораи ҳувияти як мазнун ба терроризм, ки тоҷик буда тавзеҳ диҳанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи ТопТҶ, Хадамоти амнияти федерали Русия ахиран муддаӣ шуд, ки як шаҳрванди 19 солаи Тоҷикистон ба номи Одил Қаюмовро қабл аз ин ки даст ба ҳамлаҳои террористӣ бизанад, ба қатл расондааст.

Манобеи ин хадамот муддаӣ шудаанд, ки вай бо гуруҳи террористии ДОИШ дар Сурия иртибот дошта ва мехост субҳи рӯзи 26 июл даст ба амалиёти террористӣ дар яке аз минтақаҳои пурҷамъияти шаҳри Маскав бизанад, ки ҳангоми боздошт ба муқобила бо неруҳои амниятӣ пардохт ва кушта шуд.

Ин манобеъ ҳатто суханони бародари Одил Қаюмовро мунташир карданд, ки муддаӣ аст мақомоти Хадамоти амнияти федерали Русияро аз қасди бародараш барои анҷоми амалиёти террористӣ дар шаҳри Маскав огоҳ кардааст.

Мақомоти Хадамоти амнияти федерали Русия мегӯянд, ки пас аз даргирӣ бо ин шаҳрванди Тоҷикистон як силоҳи клашников, се адад норанҷаки дастӣ, нақшаи маҳалли амалиёт, корти шиносоӣ ва иҷозатномаи кор дар Русияро кашф кардаанд.

 

Барчасп