Фаъолияти комили васоили нақлиёти умумӣ дар шаҳри Душанбе бо оғози соли таҳсилии ҷадид
(last modified 2020-08-05T14:47:47+00:00 )
Август 05, 2020 19:47 Asia/Dushanbe
  • Фаъолияти комили васоили нақлиёти умумӣ дар шаҳри Душанбе бо оғози соли таҳсилии ҷадид

Мудири идораи ҳамлунақли шаҳрдории Душанбе аз фаъолияти комили васоили нақлиёти умумӣ дар шаҳри Душанбе дӯ рӯз қабл аз оғози соли таҳсилии ҷадид хабар дод.

Ба гузориши сомонаи “Азия плюс”, Ҷумъахон Давлат гуфт, имсол соли таҳсилии ҷадид дар Тоҷикистон ду ҳафта зудтар аз солҳои қабл оғоз мешавад то дарсҳои ақибафтодаи донишомӯзон ва донишҷӯён ба далели таътил шудани марокизи омӯзшӣ ба сабаби густариши корона ҷуброн шавад.

Вай эълом кард, дар ҳоли ҳозир васоили ҳамлунақли умумии шаҳри Душанбе фақат бо 35 дарсад аз зарфият фаъолият мекунанд, ки бо оғози соли таҳсилии ҷадид дар макотиб ва донишгоҳҳо аз 17 август ин мизон ба 100 дарсад хоҳад расид.

Ӯ афзуд, 559 дастгоҳ автобуси маъмулӣ ва барқӣ, ҳазору 654 дастгоҳ минибус ва 2 ҳазору 29 дастгоҳ таксӣ ба сокинони шаҳри Душанбе хадамот ироа хоҳанд кард.

Оғози соли таҳсилии ҷадид дар Тоҷикистон ҳамонанди кишварҳои узви ИДМ аввали сентябр буд, ки имсол ба далели густариши корона ва таътилии мадорис ва донишгоҳҳо дар фасли баҳор, донишомӯзон ва донишҷӯён ду ҳафта зудтар, аз17 август сари дарсҳо ҳозир мешаванд.